Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

ВИДЕО

Деги манту

User Rating:  / 0

Соли ҷорӣ ҷиҳати пурра гардонидани маъхази осорхона ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ ва мардумшиносӣ ба миқдори 56 адад нигораҳо аз шаҳрвандон ҷамъоварӣ карда шуд.

Ашёҳои таърихӣ ба монанди: зарфҳои кулолгарӣ, хум, хумҳои дудаста, обдастаи сафолӣ, маснуоти мисгарӣ, лаганд, деги манту, сӯзаниҳои дастидӯзи гуногуншакл ва ғайраҳо харидорӣ гардиданд.

Аз байни ин ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ деги манту хеле ҷолиби диққат аст. Қисми обдони деги манту шакли нимкурраро дошта, девори мудаввари ростак дорад. Аз ду тарафаш гӯшакҳои ҳалқонии филизӣ дорад. Дар дохили дег се адад лаъличаи бисёрсӯрохдошта мавҷуданд.

Деги манту ашёи рӯзгор буда, аз мис сохта шуда, ба охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ тааллуқ дорад.

Дастхати нодир

User Rating:  / 0

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд бо мақсади муаррифии осори ниёгон барои ғанӣ гардонидани фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” комиссияи харидории назди фонди осорхона баргузор гардида, дар қатори ашёҳои таърихию фарҳангӣ нусхаи хаттии қадима бо забони форсӣ тариқи хатти настаълиқ таҳия гардида, бо номи “Маориҷу-н-нубуват” харидорӣ карда шуд. Ин китоб таърихи зиёда аз 500 сола дошта номи пурраи он “Маориҷу-н-нубуваҳ фӣ Маориҷи-л-футуваҳ” буда, аз тарафи донишманд Муинуддини Фароҳи соли 1501 мелодӣ ба қалам омадааст. Дар китоб ғайр аз исботи нубувати Расули Акрам (с) матолибе фароҳам омадааст, ки барои шинохти ҷаҳонбинии муаллиф ва маърифати андешаи ниёгон хеле судманд мебошад. Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд алҳол 320 адад китобҳои нодири дастхат ва чопи сангӣ гирдоварӣ гардида, аз шаҳрвандон ҷамъоварии китобҳо идома дорад.   

Зарфи мудаввари сарпӯшдор

User Rating:  / 0

Зарфи мудаввари сарпӯшдори аз мис сохта шуда хеле ҷолиб, диққатангез буда, дорои арзиши фарҳангӣ мебошад. Зарфи мазкур бо номи “нондон” дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла халқи тоҷик маъмул буд. Зарф аз сарпӯши қуббадор, ду дастаки ҳалқамонанд зеб дода шуда иборат буда, сар то сар бо услуби нақши ислимӣ ва ҳандасавӣ ҳаккокӣ карда шудааст. Зарф ба асри XIX аввали асри XX тааллуқ дорад.

You are here: HomeҚАЛЪАИ ХУҶАНДНИГОРАҲО
Scroll to Top