Зарфи мудаввари сарпӯшдори аз мис сохта шуда хеле ҷолиб, диққатангез буда, дорои арзиши фарҳангӣ мебошад. Зарфи мазкур бо номи “нондон” дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла халқи тоҷик маъмул буд. Зарф аз сарпӯши қуббадор, ду дастаки ҳалқамонанд зеб дода шуда иборат буда, сар то сар бо услуби нақши ислимӣ ва ҳандасавӣ ҳаккокӣ карда шудааст. Зарф ба асри XIX аввали асри XX тааллуқ дорад.