Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

ВИДЕО

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 16
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Наздик як аср мешавад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мероси барҷомондаи вилоят ва шаҳри Хуҷандро бешикасту рехт ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.

 Осорхонаи мо таърихи рангини таъсисёбии худро дорад. Дар раванди бунёди он як зумра шахсиятҳои наҷиб нақши намоён доранд. Азбаски дар шаҳри Хуҷанд дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX олимону адибони маъруф, амсоли Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, Тошхоҷа Асирӣ, Яқубҷони Фаранг, Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи тоҷири кутуб, Мирсолеҳ Мирсаидбоев ва садҳо донишмандону маорифпарварон зиста, ҳамзамон ба шаҳру мамолики дигар сафарҳо доштанд, рӯҳияи эҳтироми осори моддиву маънавии пешиниён хеле боло гирифта буд.

Дар миёни ин базургмардон марди закиву ҷаҳонгашта Мирзохоҷа Собиров, маъруф бо тахаллуси Ҳоҷӣ Антиқа (1857-1926) ба ҷамъовариву ҳифзи ёдгориҳои қадим завқу рағбати афзун дошт. ӯ муддати тӯлонӣ дар шаҳрҳои Бокуву Тифлис, Қазону Тошканд, Бухорову Самарқанд, Қуқанду Андиҷон, Намангон ва Исфараю Конибодом сайру саёҳат карда, ба гирдоварии ёдгориҳои таърихӣ аз рӯи муҳаббат шуғл меварзад.

 Вай дар заминаи ошноӣ бо олими маъруф М. С. Андреев ашёи таърихии ҷамъовардаашро нахуст дар шаҳри Тошканд маҳфуз дошта, онҳоро соли 1907 барои тошкандиён ба намоиш мегузорад. Муҳаббату ихлос ба зодгоҳаш ӯро водор месозад, ки «ғаниматҳо»-и дар сафарҳо ғункардаашро ба зодгоҳи азизаш-Хуҷанд биёварад.

 Ниҳоят соли 1909 Ҳоҷӣ Антиқа бо иҷозати сардори уезди Хуҷанд ашёҳои нодиру таърихии ҷамъовардаашро дар биное гузошта, ба мардум намоиш медиҳад. Ба ин тартиб, ин инсони асил ва маърифатпарвар солҳои зиёд махзани фароҳамовардаи хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамояд. Дар охири умри худ Мирзохоҷа Собиров тариқи хаттӣ васият менамояд, ки ёдгориҳои таърихии мансуб ба ӯ аз ин пас давлатӣ ҳисобида шаванд, зеро агар онҳо дар дасти одамон монанд, зуд аз байн хоҳанд рафт беҳтар он аст, ки ҳосили рӯзгори ӯ барои тавсеаи ҷаҳонбинии наслҳо ва эҳёи худогоҳиву худшиносии мардум хидмат намояд.

 Кумитаи иҷроияи округи Хуҷанд чунин муроҷиати дурандешонаи Мирзохоҷа Собировро ба хушӣ қабул мекунад. Ҳамин гунна, соли 1926 асоси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузошта мешавад.

 Дар солҳои 30-юми асри ҶҶ масъалаи вусъат додани осорхонаҳо ва ҷамъоварии ёдгориҳо дар сатҳи ҳукуматӣ роҳандозӣ мешавад. 7 январи соли 1930 қарори Кумитаи марказии шӯроҳо ва комиссариати халқии шӯроҳои Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон зери №44 «Доир ба қайд гирифтан ва муҳофизат намудани ёдгориҳои таърихӣ, нодираҳои бадеӣ ва табиат» ба имзо мерасад. Санаи 1-уми июли соли 1931 Кумитаи ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлиси раёсат қарори таъсиси осорхонаро дар ин маркази қадимаи тоҷикон ба тасвиб мерасонад. Дар натиҷа осорхона дар ду толори масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳатдин ҷойгир мешавад. Аз сабаби он ки қисмати ҷанубу шарқии яке аз толорҳо девор надошт, бар асари сардиву гармӣ, боришот ва вазиши шамол махзани осорхона ҳамеша зери хатари осебҳои табиӣ мемонад.

 Нахустсарвари осорхона А. В. Уэлс ҳамроҳи дигар кормандон барои пурра ғановатманд ва васеъ гардонидани толорҳои он кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

 Баргузории анҷумани нахустини Қаромазор оид ба фулузоти ранга ва нодир, ки бо ширкати беш аз 800 олими шӯравӣ аз 18 то 26-уми октябри соли 1931 баргузор мешавад, боиси такмили маводи осорхона мегардад. Баъди итмоми анҷуман иштирокдорони он маводи омодакардаи ин чорабинии муҳимро ба осорхона тӯҳфа менамоянд. Маҳз дар заминаи чунин тадорукот соли 1932 миқдори бозёфтҳои осорхона ба 5000 мерасад.

 Санаи 14-уми декабри соли 1932 Шӯрои комиссариати халқии Тоҷикистон қарор мекунад, ки осорхонаи шаҳри Хуҷанд аз 1-уми январи соли 1933 ба шӯъбаи осорхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуда, он ба ихтиёри комиссариати маориф вогузор гардад. Бо гирифтани ин унвон осорхона ҳамчун осорхонаи кишваршиносии тамоми шимоли Тоҷикистон шумурда шуд.

 Дар солҳои минбаъда ҳайати штатии кормандони осорхона такмил ёфт ва барои самарабахшии фаъолияти он корҳои судманд сурат гирифт. Намунаи равшани ин гуфтаҳо даъвати мутахассисони соҳибтаҷриба, монанди Т. Г. Обулдуева аз Эрмитаҷи давлатӣ ва бостоншинос Б. А. Латинина барои такомули кори осорхона маҳсуб меёфт. Дар заминаи ҳамкорӣ бо олимони тоҷику рус ва аврупоӣ осорхона имкон пайдо кард, ки соли 1936 нахустин «Ахбороти осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони шимолӣ»-ро ба табъ расонад.

 Шоистаи зикр аст, ки аз солҳои 60-уми асри XX ба баъд шурӯъ карда, бо роҳбарии муаррихони тоҷик, амсоли ӯ. Пӯлодов, С. Марофиев, Н. Турсунов, А. Мирбобоев, дертар Ҳ. Тоатов, М. Файзуллоев, У. Ҷаҳонов ва дигарон, ки устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (он солҳо ДДОЛ ба номи С. М. Киров) ба шумор меоянд, корҳои ҳафриётӣ бо донишҷӯён вусъати тоза пайдо кард.

 Охири солҳои 70-уми қарни гузашта ба сабаби тағйир ёфтани низом ва талаботи осорхонаҳо зарурати тарзи нави намоишҳои осорхона ба миён омад. Дар кори таъмиру азнавсозии толорҳо, кандакориву нақшу нигор баробар бо ҳунармандони маҳаллӣ-усто Мақсуд Солеҳов, усто Ғафур Мансуров, усто Ҳаким Саидов аз Хуҷанд ва устоҳои кандакори Исфара, мутахассис оид ба офаридани намоиши осорхонавӣ аз шаҳри Тошканд Г. В. Колосков низ даъват шуд. Азнавсозии намоиши осорхона соли 1978 дар сатҳи баланди касбӣ анҷом ёфт.

 Солҳои 80-ум осорхона фаъорияташро густурдатар сохт. Шумораи умумии кормандони он ба 22 нафар расид. Он солҳо осорхона аз 5 шӯъба: шӯъбаҳои табиат, таърихи даврони тоинқилобӣ, даврони шӯравӣ, маъхаз ва шӯъбаи маърифатӣ иборат буд.

 Солҳои зиёд дар осорхона шӯрои илмӣ ва комиссияи харидории бозёфтҳо амал мекард. Ходимони илмии шӯъбаҳо корҳои таблиғотиву ташвиқотиро хуб ба роҳ монда, дар давоми фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Агар соли 1960 ба осорхона 50 адад нигора қабул шуда бошад, пас соли 1979 461 адад, соли 1988 он ба 1160 адад расонида шуд.

 Мувофиқи санади воридотии фонди осорхона аз соли 1984 то соли 1992 С. Азаматова 657 адад, К. Атоева 584 адад, М. Бойматов 1837 адад, М. Тошматов 514 адад, нигораҳоро ба маъхаз ворид намудаанд.

 Оғози солҳои 90-уми асри XX замони табаддулоти сиёсиву фарҳангӣ барои осорхонаи вилоятӣ мушкилоти зиёде ба бор овард. Баробари ҷорӣ гардидани озодии дин дар ҷомеа рӯзе як гурӯҳи намозгузорон ба масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳатдин ворид гардида, ба суханҳои роҳбарияти осорхона эътибор надода, худсарона махзан ва толорҳои намоиширо кушоданд. Онҳо талаб доштанд, ки осорхона зуд ба ҷои дигар кӯчонида шавад. Агар аз назари мантиқӣ гирем, онҳо ҳақ буданд, зеро садсолаҳо дар Хуҷандшаҳр масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳатдин амал мекард. Вале амали нодурусти онҳо аз он иборат буд, ки хазинаи гаронбаҳои осорхонаро бе риояи эҳтиром таъҷилан ба тракторҳо бор карда, ба ӯрдаи шаҳр-бинои таълимии ҳарбиён оварданд. Дар натиҷаи ин беэҳтироми бозёфту таҷҳизотҳо осеби сахт бардоштанд.

 Бар замми ин дере нагузашта баъди таъмир ва дар бинои таълимии ӯрда ҷой гирифтани осорхона зарурати кӯчидани дубора пеш омад. Соли 1991 осорхона ба ошёнаи дуюми бинои тарабхонаи «Панҷшанбе» (ҳоло маркази савдои Ҳоҷи Абдулазиз) кӯчонида шуд. Дар ин ҷо низ зарурати анҷоми корҳои азнавсозиву таъмир сар зад. Ҳарчанд ҷои осорхона мувофиқ ба меъёрҳои амалкунанда набуд, вале то соли 2004 дар ин ҷо фаъолият бурд. То анҷоми бинои нав соҳибмулки ҷои қароргирифтаи он Ҷамъияти матлуботи вилоят тақозои кучидани таъҷилии осорхонаро ба миён гузошт. Аз ин хотир осорхона муддате дар коргоҳи пойафзолдӯзии шаҳри Хуҷанд низ қарор дошт.

 Моҳи июли соли 2003 хишти нахустини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар назди урдуи шаҳр гузошта шуд. Сохтмон ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки 500 ҳазори он аз хазинаи Президенти кишвар ҷудо гардид.

 Роҳбари фарҳангпарвари Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 23 августи соли 2006 дар вазъияти тантанавӣ, дар ҳузури аҳли зиёи мамлакат ва анбӯҳи сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр лентаи рамзии бинои замонавии осорхонаро бурида, барои фаъолияти он дар марҳалаи нави таърихӣ ҳусни ифтитоҳ намуданд.

 Ҳоло масоҳати умумии осорхонаи навбунёд мутобиқ ба лоиҳа 1279,2 м2,толори намоишӣ1052,4 м2, ҷои нигаҳдории экспонатҳо226,8 м2аст. Бурҷи он фарогирии46,7 м2масоҳат,118 метрбаландӣ8,6 метрдиаметр мебошад.

 Бинои ҳозираи осорхона ба шакли иморати қадимаи анъанавии муҳофизатӣ сохта шудааст. Он аз як толори васеи болоӣ ва се толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст. Дар толори болоӣ ва ду толори зеризаминӣ намоишҳои осорхонавӣ созмон дода шуда, дар як толори зеризаминӣ фонд (махзан) ҷой гирифтааст.

 Толори  якум «Ҳаёти одамони асри санг» номгузорӣ гардидааст. Мушовири ин толор (ғор) профессор С. Ш. Марофиев мебошад. Ин толор (ғор) аз тарафи Ёдгоров Комилҷон- рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат: рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш дода шудааст. Ин тарзи намоиш аввалин бор дар Осиёи Миёна дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сурат гирифт.

 Толори  дуюм «Давраи фулузӣ» номгузорӣ карда шудааст. Дар ин толор ташаккулёбии инсонҳо нишон дода шудааст.

 Толори тамаддуни ориёӣ ба ифтихори соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо (с.2006) бахшида шудааст. Ин толор аз тарафи рассом, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Ғафурҷон ороиш ёфтааст ( бо мушовирии профессор С. Ш. Марофиев). Толори тамаддуни ориёиҳо бо рамзи ориёии болои матоъ, ки аз тарафи рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова дӯхта шудааст, оғоз меёбад.

Дар осорхона қасрҳои мӯҳташам, сутунҳо, ҳайкалҳо, ки дар Тахти Ҷамшед қомат афрохтаанд ҳамчунин нусхабардорӣ аз катибаи Бесутун, нимпайкараи Дорои I ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

 Толори эллинистӣ аз тарафи Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ботуралиев Раҳматҷон созмон дода шуда бо санъати кошинкории флорентсиявӣ ороиш ёфтааст. Дар созмони экспозитсия сангҳои мармари ранга, ки дар кӯҳҳои Помиру кони Консой мавҷуданд истифода шудаанд. Дар толор нӯҳ лавҳа мавҷуд буда, ҳар яке аз ҳаёти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ нақл менамояд.

 Толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик дар се намуд бо экспозитсияҳои мавзӯъӣ таъмин аст, ки онҳо аз ҷиҳати даврабандии таърихӣ ба ҳам мувофиқат мекунанд:

А)  зери шиша (ин рамзӣ буда, ковишҳои саҳроии бостоншиносиро ба ёд меорад).

Б)  экспозитсияи асосӣ

 В)  барелеф

 Толор аз тарафи рассом Маҳмудов Акбар- дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ороиш дода шудааст. Мушовирони толор С. Марофиев, Н. Турсунов, А. Бузуруков, К. Атаева, Ф. Дадохӯҷаев, М. Файзуллоев, Ҳ. Тоатов, Ш. Аҳмадов, А. Мирбобоев ва дигарон мебошанд.

 Ин толор бо иқтибос аз Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21 сентябри соли 2000 №391 дар бораи мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон шудани Саразм оғоз мегардад. Ёдгории бостонии Саразм дар Панҷакент ба феҳристи мероси Ҷаҳонии кумитаи омӯзиш ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардидааст.

 Ҳайкали Темурмалик – Қаҳрамони халқи тоҷик- ин муҷассама аз тарафи муҷассамасози ҷавону боистеъдод Давронҷон Раҳматов-дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шуда, бо баландиаш3,5 метр, ва истифодаи 4тонна метали биринҷӣ фароҳам гардидааст.

 Ҳамчунин дар осорхона хонаи миллии дар шаҳри Хуҷанд сохта шуда, ба намоиш гузошта шудааст.

 Ҳамин гуна, бо гузашти солҳо Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамқадам бо замон фаъолият намуда меояд ва кормандони илмии осорхона ҷамъоварии бозёфтҳоро идома дода истодаанд, чунки онҳо барои пурракунии маъхаз ва дар экспозитсия ба намоиш гузоштан кумак мерасонанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeҚАЛЪАИ ХУҶАНДОСОРХОНА
Scroll to Top