Либос аз қадимулайём ифодагари таъриху маданият, фарҳангу иҷтимоиёт, тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат ва анъанаи мардум буда, дар ҳар маҳал хусусияти хоси худро дорад. Пӯшидани тоқӣ ба сар як ҷузъи либоспӯшии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тоқӣ кулоҳи махсусест, ки дар Осиёи Миёна ба сар мепӯшанд ва дар ҳамаи давру замон истифода мебурданд. Воҷаи тоқиро арабҳо ва мардуми кӯҳистон, дӯппиро ӯзбекон ва тӯппиро тоҷикони водинишин ва мардуми шимоли Тоҷикистон истифода мебаранд. Дар солҳои 20-уми асри ХХ баъди фаранҷӣ тоқӣ маъмул гардида, занон, мардон ва бачагон онро ба сар мепӯшиданд.
Ҳаёти одамони асри санг
Толори хурди якум ба худ номи «Ҳаёти одамони асри санг»-ро гирифтааст. Мушовири ин толор (ғор) профессор С.Ш.Марофиев мебошад. Толор (ғор) аз тарафи Комилҷон Ёдгоров –рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат: санъати рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш ёфтааст.
Чунон ки олимон-бостоншиносон муайян кардаанд, одамон дар ҳудуди Тоҷикистон аз давраҳои қадимтарин, аз субҳи таърихи инсоният (аз асри санг ) то инҷониб истиқомат доранд.
Табақи кандакории чӯбин. Ин табақ доирашакл буда дохилаш пурра кандакорӣ карда шудааст. Аз ҷониби устои ҳунарманд ба қисмҳо ҷудо гардидааст ва ҳар як қисм нақши алоҳида дорад. Нақшҳо хеле моҳирона офарида шудаанд . Табақ 44см. диаметр дорад.