Либос аз қадимулайём ифодагари таъриху маданият, фарҳангу иҷтимоиёт, тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат ва анъанаи мардум буда, дар ҳар маҳал хусусияти хоси худро дорад. Пӯшидани тоқӣ ба сар як ҷузъи либоспӯшии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тоқӣ кулоҳи махсусест, ки дар Осиёи Миёна ба сар мепӯшанд ва дар ҳамаи давру замон истифода мебурданд. Воҷаи тоқиро арабҳо ва мардуми кӯҳистон, дӯппиро ӯзбекон ва тӯппиро тоҷикони водинишин ва мардуми шимоли Тоҷикистон истифода мебаранд. Дар солҳои 20-уми асри ХХ баъди фаранҷӣ тоқӣ маъмул гардида, занон, мардон ва бачагон онро ба сар мепӯшиданд.
Тоқиҳо гирда, чоркунҷа, пӯпакдор, шилшиладор мешаванд. Услуб ва тарзи дӯхтани тӯппӣ гуногун буда, маъмултаринаш заминадӯзӣ мебошад, ки замини умумии он саросар бо нахҳои абрешимии сафед, сабз, кабуд ва ё сими зарду нуқрагин дӯхта шуда, онҳо ба ҳам пайваст гардида, тамоми заминро фаро мегиранд.
Тоқиҳо аз рӯи масолеҳ, тарзи дӯхт, ороиш аз ҳам фарқ мекунанд. Вобаста ба тарзи дӯхти хоси ин ё он маҳал тоқӣ низ бо номи ҳамон мавзеъ маъмул мешавад. Тоқиҳои мардонаву занонаи Чуст, Ӯротеппа, Хуҷанд, Бадахшон хеле машҳуранд. Тоқиҳо сиёҳ, сабз, кабуд, бунафши торик, ҷигарӣ мешаванд. Тоқӣ асосан аз теппа, кизак ва шероза (ҷияк) иборат аст. Шерозаи тоқиҳоро аз бахмали ҷигарӣ ё сиёҳ тайёр мекунанд.
Тӯппиҳои мардуми кӯҳистон шакли гирда доштанд ва қисмати болоии он бо шерозааш гулдӯзӣ карда мешуд. Гулҳои шероза тавъами гулҳои теппа мебошанд.
Навъи тоқиҳои теппа ва кизакашон гулдӯзӣ низ мавҷуданд, ки онро асосан духтарон мепӯшанд. Онҳо аз матоъҳои сатин ва ласи сиёҳ, сабз, ҷигарӣ дӯхта шуда, рӯи онҳо гулдӯзӣ карда мешавад. Баъди андоза гирифта буридани теппа онро ба чаҳор қисм тақсим карда, ба шакли секунҷа қат ва дарзмол мекунанд, ба ҳар як қисми теппа як гули қаланфур гулдӯзӣ мешавад, ки анвоъи ин нақш зиёд аст. Гулдӯзии навъи гули бодом яке аз онҳост. Дар усули гулдӯзӣ танҳо нақш аз рӯи нусха болои матои абрешимин, нимабрешим, парча, бахмал ва ғайра дӯхта мешавад. Бо ин усули қадима тоқиҳои мардона ва занона омода мешуданд. Гулдӯзии тоқиҳо санъати бисёр нозук буда, аз ҳунарманд хаёлоти рангин ва маҳорати зиёдро талаб мекунад.
Санъати зардӯзӣ аз давраҳои қадим машҳур буд. Нақшу нигори зардӯзӣ яке аз намудҳои санъати олии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Санъати гулдӯзиҳои зардӯзӣ дар асрҳои миёна ривоҷу равнақ ёфта буд. Тоқиҳо бо тангачаҳои зарҳалин низ оро меёфтанд. Аз асрҳои ХVIII дар Хуҷанд маҳаллаи тоқидӯзон вуҷуд дошт. Ҳунармандони хуҷандӣ дар эҷоди нақшу нигори тоқиҳо нозукона кор бурда, аз нахҳои зарҳалин ва абрешимини рангоранг бо истифода аз матоъҳои бахмалин тоқиҳои хеле зебо офаридаанд.
Дар асрҳои XIX-XX дар шаҳри Хуҷанд тоқиҳои гуногун ба монанди «чоргула», «чаман ба гул», «ироқӣ», «зардӯзӣ», «йӯрма», «пӯпакдор», «тӯртӯппӣ», «сабз», «духоб» маъмул буданд. Баъдтар тоқиҳои намуди нӯгтез ва гирдогирди он тасмаи васеъ дошта пайдо шуданд. Ин навъи тоқиҳоро мардон аз таги салла мепӯшиданд.
Тоқиҳои ироқӣ, яъне ба тарзи чорчиллик дӯхтан аз солҳои 20-уми асри ХХ оғоз гардида, барои занон, мардон ва бачагон дӯхта мешуданд. Ин навъи тоқиҳо чоркунҷаи сатҳаш ҳамвор буда, нақшҳои чоркалид, тарҳи гулдаста ва ё буттаи муллаван доранд.
Дар нимаҳои асри ХХ намуди гуногуни тоқиҳо васеъ паҳн шуданд. Дар нақшу нигор тоқии «тӯс-тӯппӣ» харидорони зиёде пайдо намуд.
Дар солҳои 60-ум гулдӯзиҳои бо мошинаи чокдӯзӣ дӯхташуда машҳур гаштанд. Ҳунармандон тоқиҳоро чоркунҷа ва росткунҷа дӯхта дар марказаш гулдӯзӣ мекарданд. Тоқиҳо бо намуди қайма дӯхта мешуданд. Тоқиҳоро бо намуди «босма», «кандахаёл» бо тарзи йӯрма низ медӯхтанд. Ҳунармандон барои дӯхтани тоқиҳо аз нахҳои абрешимии рангҳояш гуногун истифода мебурданд. Асосан барои кашидадӯзӣ 7-8 намуди ранг ба кор меояд.
Баъдтар дар солҳои 70-ум тоқиҳои чаҳоркунҷаи сафеди дурахшон аз матоъи парча бо нақшу нигори гулҳои сурх гулдӯзӣ шуда, машҳур гардид. Дар давраҳои гузашта тоқиҳои парча вуҷуд дошт, лекин нақшу нигор надошт.
Санъати гулдӯзии тоқиҳо бо риштаҳои зарҳалин аз нав эҳё гардид. Акнун ҳунармандон тоқиҳоро аз матоъи махмалин тайёр карда, бо нақшҳои гуногун оро медоданд.
Ҳунарманди машҳури хуҷандӣ Қутфиниссо Рофиева дар тоқиҳо зиёда аз 200 навъи нақшро дӯхтааст. Бештар номи тоқиҳоро аз рӯи нақши гулдӯзишуда мегиранд ва маъмултаринаш аноргул, барги бед, бодомча, лола, себарга, баҳор, булбул, кафтар, моҳу ситора, чоргула буда, нақшҳо бо ном мувофиқат мекунанд. Шогирдони муаллима Рофиева ҳунари тоқидӯзиро то ҳол идома дода истодаанд. Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тоқиҳои нимтайёр, ки ҳунари дастони Рофиева Қутфиниссо мебошад, дар толори намоишии «Либосҳои анъанавии миллии тоҷикон» ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Имрӯзҳо пӯшидани тоқӣ байни наварӯсон хеле маъмул аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ пушидани тоқӣ расм гардидааст.