Ҳаёти одамони асри санг
Толори хурди якум ба худ номи «Ҳаёти одамони асри санг»-ро гирифтааст. Мушовири ин толор (ғор) профессор С.Ш.Марофиев мебошад. Толор (ғор) аз тарафи Комилҷон Ёдгоров –рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат: санъати рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш ёфтааст.
Чунон ки олимон-бостоншиносон муайян кардаанд, одамон дар ҳудуди Тоҷикистон аз давраҳои қадимтарин, аз субҳи таърихи инсоният (аз асри санг ) то инҷониб истиқомат доранд.
Толори «Ҳаёти одамони асри санг» давраи ҷамъияти ибтидоиро дар бар гирифта, дар бораи гурӯҳ-гурӯҳ дар ғорҳо зиндагӣ кардани одамон ва машғулияти онҳо маълумот медиҳад.
Давраи асри санг дар Тоҷикистон аз ҷониби таърихшиносон омӯхта шудааст. Олотҳои сангии ин давра дар Тоҷикистони Шимолӣ-дар Қайроққум, Исфара, Истаравшану Шаҳристон ва дигар ҷойҳо ёфт шудаанд. Дар осорхона олотҳои сангии давраи асри қадимии санг ёфт шуда, ба намоиш гузошта шудаанд.
Давраи фулузӣ
Толори хурди дуюм «Давраи фулузӣ» номгузорӣ карда шуда аз тарафи Комилҷон Ёдгоров-рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омезиши ду санъат ороиш дода шудааст. Мушовири ин экспозитсия профессор С.Ш.Марофиев мебошад.
Дар ин толор ташаккулёбии инсонҳо нишон дода шудааст. Бо мурури солҳою асрҳо шуури одамон тараққӣ мекунад. Онҳо аз омехтагии металл истеҳсол кардани оҳанро ёд мегиранд ва дар ин толор гудозиши оҳан дар оташ нишон дода шудааст.
Толори эллинистӣ
Ин толор аз тарафи Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ботуралиев Раҳматҷон созмон дода шуда бо санъати кошинкории флорентсиявӣ ороиш ёфтааст. Дар созмони экспозитсия сангҳои мармари ранга, ки дар кӯҳҳои Помиру кони Консой мавҷуданд истифода шудаанд.
Замони антиқии Искандар – вохӯрии тамаддунҳои Шарқу Ғарб аст, аз ин хотир дар мисоли он деворнигораҳои эллинистӣ созмон дода шудааст. Дар толор нӯҳ лавҳ мавҷуд буда, ҳар яке аз ҳаёти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ нақл мекунад. Дар ин толор ҳамчунин харитаи забткориҳои Искандар нишон дода шудааст.
Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои IX-XI
Охири асри IҶ ва аввали асри Ҷ давраи ба охиррасии ташаккули халқи тоҷик ва таъсисёбии давлати Сомониён аст. Дар осорхона макети мақбараи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст, ки асли он дар Бухорост.
Асосгузори давлати Сомониён Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ абармарди хирад ва сиёсат буд. Акси Исмоили Сомонӣ дар толори намоишӣ нишон дода шудааст. Яке аз ёдгориҳои пурарзиши замони Сомониён меҳроби Ашт мебошад. Меҳроб аз мазори Ҳаштсаҳобаи деҳаи Ашт кашф шуда, ҳоло дар осорхонаи бостоншиносии Паҷӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Нусхаи он дар ин толори намоишӣ гузошта шудааст. Дар рӯи меҳроб ҳаккокии ориёиҳо маълум аст.
Ҳайкали Темурмалик-қаҳрамони халқи тоҷик
Ҳайкали Темурмалик – Қаҳрамони халқи тоҷик- ин муҷассама аз тарафи муҷассамасози ҷавону боистеъдод Давронҷон Раҳматов-дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шуда, бо баландии3,5 метрва истифодаи 4 тонна метали биринҷӣ фароҳам гардидааст.
Диаграмаи «Муҳорибаи Темармалик бар зидди муғулон»
Ин диарама аз тарафи рассоми ҷавону боистеъдод ҷоизадори намоишҳои байналхалқӣ Ҷабборов Абдураҳим бо санъати баланд созмон дода шудааст. Дар он қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалику ҷавонмардони ӯ, дарёи Сир, ҷазира, қалъаи обии Хуҷанд ва мудофиаи шаҳр нишон дода шудааст.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон
24 августи соли 1990 Иҷлосияи 2-юми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии Ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ сентябри соли 1991 рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намуд. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд.
Дар ин лавҳа расмҳо аз солҳои 1990 то имрӯз, сафарҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд нишон дода шудааст.