Соли равон ҷиҳати ғанӣ гардонидани маъхази осорхона аз тарафи сокинони вилоят якчанд ашёҳои таърихӣ харидорӣ карда шуда, нодиртаринашон инҳоанд:
Ҳайкалчаи сафолӣ (терракота) ба давраи тоисломӣ, яъне ба асрҳои V-VIII тааллуқ дорад. Аз рӯи ин ҳайкалча акси ҳокимони ҳамон давра муайян карда мешавад. Ин гуна ҳайкалчаҳоро дар Панҷакент дарёфт кардан мумкин аст. Ҳайкалчаи сафолӣ аз Бердиев Оқил – сокини шаҳри Панҷакент харидорӣ карда шудааст.
Тағораи сафолӣ яке аз маҳсули ҳунарҳои кулолгарӣ ба ҳисоб меравад. Тағора ба охири асрҳои XIX ва авали асри XX тааллуқ дошта, асосан барои хамиркунӣ ё ҷомашӯӣ истифода мебурданд.
Чароғи сиёҳро ҷинчароғ, сиёҳчароғ низ мегӯянд, ки як навъи чароғи махсуси сафолӣ мебошад. Он равғандон, нова ва пилта дорад. Чароғи сиёҳро ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои III-II милодӣ истифода мебурданд. Он минбаъд ҳам то пайдо шудани чароғҳои шишагӣ ва фонуз истифода шудааст.
Ордени “Дӯстии халқҳо” 22 августи соли 1986 барои комёбиҳои иқтисодӣ – маданӣ, саҳмгузорӣ дар ғалабаи Ҷанги бузурги Ватанӣ ва ҷашнгирии 2500 солагии собиқ лениниобод, ҳозира шаҳри Хуҷанд бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст, ки аз бойгонии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд дастрас гардидааст.