Мо дар назди наслҳои ояндаи халқамон вазифадорем, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва анъанаву суннатҳои аҷдодиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ҳифз кунем, такмил диҳем ва ба мерос гузорем. Эмомалӣ Раҳмон.
Хуҷанду Истаравшан аз қадимулайём чун шаҳри ҳунармандон шӯҳрат дошт ва вобаста ба касбу кораш ҳар маҳалро бо номҳои заргарон, бофандагон, кандакорон, кулолгарон, мисгарону оҳангарон мешинохтанд. Дар бозорҳо низ растаи алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буд. Дар он ҷо на фақат маҳсулот ба фурӯш гузошта мешуд, балки истеҳсоли онро низ ба роҳ мемонданд.
Дар байни тоҷикон маъмултарин ҳунарҳои бадеӣ ин бофандагӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ маҳсуб меёфт. Ҳунар хусусияти меросиву оилавӣ дошт. Қоидаву сирру асрор ва усулу нозукиҳояш аз устод ба шогирд, аз падар ба писар мегузашт.
Корд, ханҷар асбоби бурандаи як ва дудама аст, ки асосан дар рӯзгор ва хоҷагидорӣ кор мефармоянд. Кордҳои қадима аз давраи полеолити боло маълум мебошад. Аввалин кордҳо аз чақмоқсанги паҳни нӯгтез сохта шуда, шаклаш бодоммонанд буд. Дертар кордҳоро бо дастакҳои чӯбину устухонин омода мекарданд. Инчунин кордҳоро аз устухонҳо ва дарахтҳо низ месохтанд. Панҷ ҳазор сол пеш одамон такмил додани фулузро омӯхтанд ва дар аввали асри оҳан корди оҳанин пайдо шуд. Ихтироъи корди оҳанин ба инкишофи ҳунарҳои гуногун кӯмак кард. Аз охири ҳазораи I-и мелодӣ кордҳои асосаш оҳану теғаш пӯлодин месохтагӣ шуданд. Аз охири асри ҶII кордро бештар аз пӯлоди тоза месохтанд.
Корд аз даста, гулӯбанд ва теғ иборат аст. Теғи корд бештар аз пӯлод, гулӯбандаш аз пораи мис ё биринҷӣ ва дастаи он аз чӯб, устухон, шиша, шохи ҳайвонот ва пластмасса сохта мешавад. Кордҳои Истаравшан, Исфара, Қистақӯз, бо сифату зебоиашон машҳуранд.
Хелҳои корд:
Корди ош (тақрибан 45-50см. каҷнӯг) барои рӯзғордорӣ
Корди чӯпонӣ
Корди қассобӣ
Корди дудама ё ханҷар, ки ҳарду тарафи теғаш тез карда шудааст.
Каҷкорд-корди каҷтеғ барои боғдорӣ
Каҷкорд-газанд-корди кӯтоҳи дамкаҷ барои буридани чарм
Ҳунари кордсозӣ авлодӣ буда, он аз насл ба насл идома меёбад. Яке аз ҳунармандони машҳури Истаравшани бостонӣ кордсоз Мирзоев Иброҳим мебошад.
Мирзоев Иброҳим Ҳотамович 24 январи соли 1963 дар оилаи кордсоз ба дунё омадааст. Дар ин оила ҳунари кордсозӣ авлодӣ буда, то имрӯз мактаби кордсозии бобокалони ин аҷдод Усто Холмуҳаммад шӯҳрати 300солаи худро гум накардааст. Чи тавре, ки Усто Иброҳим ба хотир меоварад, ӯ ҳанӯз аз синни шашсолагиаш ба дӯкони кордсозӣ назди падар рафта ёрӣ мерасонд. Кордҳои сохтаи Усто Иброҳим аз ҷиҳати обу тоби метал, суфтагӣ, нақши гулбанд, сарбанд, нақши гули рӯи теғи корд аз дигар устоҳои имрӯза ба куллӣ фарқ мекунад. Усто Иброҳим кӯшиш мекунад, ки ҳар як корду шамшери сохтааш мазмуну мундариҷаи худашро дошта бошад.
Ҳоло бошад Усто Иброҳим дар коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки бо иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 таъсис ёфтааст, ҳамчун роҳбари гурӯҳи кордсозӣ саҳми худро барои касбомӯзии насли наврас гузошта истодааст. Писари калониаш Бахтиёр хатмкардаи гурӯҳи кордсозии Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва писари хурдиаш Ихтиёр донишҷӯи курси дуюми ин таълимгоҳ аст. Вай курси заргариро меомӯзад.
Усто Иброҳим дар давоми фаъолияти кориаш тавонист маҳорати худро нишон дода, бо Шаҳодатномаю Ифтихорномаҳои ҷумҳуриявӣ ва Ифтихорномаи Раиси вилоят сазовор гардад. Аз моҳи майи соли 2009 аъзои Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мебошад ва бо унвони Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осорхонаи мо низ намунаи кордҳои устои кордсоз Мирзоев Иброҳимро ба миқдори 25 адад харидорӣ намуд, ки аз шамшер, ханҷар, кордҳои армуғонӣ, кордҳои гуногун иборатанд.
Кордҳои сохтаи ҳунармандони Истаравшан хусусияти ба худ хосе дошта, аз дигар кордсозон фарқ мекунад. Ҳар як устои кордсоз тамға (мӯҳр)-и худро дорад.