Санаи 21-сентябри соли равон ба Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” як гурӯҳ меҳмонон иштирокчиёни ҷанги интернатсионалии Афғонистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Нахуст меҳмононро омири кулли маҷмаа И.Иброҳимов пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд ва зимни шиносои аз тарафи роҳбалади осорхона Мирзоева И. сайри илми гузаронида шуд. Баъд аз боздид меҳмонон таассуроти худро ба китоби фахрии муассиса иброз намуданд.
Сегодня мы воины интернационалисти участники Афганской войны в составе делегации Республики Узбекистан посетили музей города Худжанда очень ценные экспонаты нам очень понравился. Наш визит приурочень развитию дружбы между Узбекистаном и Таджикистаном, местной дипломатии и развитие туризма. Желаем сотрудникам музея своё блогадарность и мира на вашей земли.
Объединение “Ветеран” инвалидов и ветеранов Узбекистана!
Сипас меҳмонон аз Мақбараи рамзии Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Баъд аз боздиди маҷмаа дар айвони кандакорӣ шудаи Боғи Камоли Хуҷандӣ чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур якчанд сарояндагони вилоятамон иштирок карда ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Баротова М-китобдори калони
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”