Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баҳри татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, як қатор чорабиниҳои экологӣ гузаронида истодааст.
Дар доираи амали шудани барномаи мазкур аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани моҳи “Амал оид ба иқлими сабз” ва бахшида ба маъракаи умумиҷаҳонии “Тоза намудани сайёра аз партовҳо”, ки ҳар сол давоми як ҳафта дар моҳи сентябр баргузор мегардад. Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” ва дастгирии “Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот” тасмим гирифт, ки санаи 16 уми сентябр дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аксияи экологии таҳти унвони “Мо як замин дорем” доир намояд.
Дар чорабинӣ Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., намоянда аз Иттиҳоди Аврупо, гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист викторинаи экологӣ гузаронида шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин ду адад қуттии махсус барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ ба Боғи фарҳангӣ - фароғатиии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” насб карда шуд.
Яҳёева Д- корманди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”