Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳунар беҳтар бувад аз зар, ки ту дорӣ (Бахшида ба 80-солагии устоди ҳунар Сайрам Исоева)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева аз ҳунармандони номвари тоҷик аст, ки соли равон 80-сола мегардад. Давоми 60-соли фаъолияти худ ӯ дар чандин филмномаҳо ва намоишномаҳои театрӣ нақши асосиро иҷро кардааст.Ҳунарманди овозадори тоҷик   Сайрам Исоева 24 ноябри соли 1942 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.Баъди хатми мактаби миёнаи №1 деҳаи Пахтаободи ноҳияи Турсунзода, ба Донишкадаи театри  ва рассомии ба номи А.Островскии шаҳри Тошканд дохил гардид.

Соли 1964 баъди ба итмом расонидани донишгоҳ ҳамчун актрисаи театр ва кино ба театри Республикавии А.С.Пушкин (Камоли Хуҷандӣ) ба кор омада, то ҳол дар ин кохи ҳунарҳои зебо фаъолият дорад. Чун намояндаи кинои тоҷик дар ҳайати киноматографистони шӯравӣ дар кинофестивалҳои давлатҳои  Фаронса, Туркия,Покистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Прибалтика ширкат варзида, созовори ҷоиза ва ифтихорномаҳо гардидааст.

Вакили анҷуманҳои IV ва V-уми киноматаграфистони Иттиҳоди Шӯравӣ, вакили съезди 20-уми Партияи Комунистии Тоҷикистон, вакили конференсиҳои 35 ва 37-и кумитаи партиявии вилояти Ленинобод ва аъзои Кумитаи партиявии шаҳри Хуҷанд таи солҳои 1979-1985 интихоб шудааст. Депутати Шӯрои  депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (1971-1990). Аъзои кумитаи иҷроияи депутатҳои халқии вилоят таи солҳои 1986-1990.Аъзои киноматаграфистони Иттиҳоди Шӯравӣ. Аъзои правленияи иттифоқи ходимони театрии Иттиҳоди Шӯравӣ  интихоб шудааст.

Дар вилояти Суғд озмунҳои “Маҳорати актёрӣ”, “Ғунчаҳои санъат”,Фестивали театрҳои касбии вилояти Суғд,Фестивали Ҷумҳуриявии санъати театрии “Парасту”, “Наврӯзи Аҷам”, “То зиндаам девори Бухоро манам”, “Ситораҳои Хуҷанд”, “Ҷашни Истиқлолият”,”2500-солагии Истаравшан”, “1100-солагии давлати Сомониён”,”60-солагии вилояти Ленинобод” ва ғайраҳоро таҳия намудааст.

Барои меҳнати шоёну пурсамар ва ҳунари воло Сайрам Исоева бо нишону орденҳои “Барои меҳнати шоён”, “Байрақи сурх”, “Дӯстии халқҳо”,”Дӯстӣ”,”Собиқадорӣ меҳнат”, ҳамчунин бо унвонҳои ифтихорномаи “Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва ҷоизаи “Аноҳит”-и иттифоқи  арбобони  Ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуда, Академики Академияи мардуми Осиёи Марказӣ “Нури Хуҷанд” мебошад. Барои саҳми арзанда ва меҳнати шоиста бо Қарори МИҲД шаҳри Хуҷанд бо унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд” сазовор гардидааст.

Соли 2021 ҳунарманди овозадори тоҷик С.Исоева дар қатори ҳунармандони машҳур Раҷ Капур, Никита Михалков, Айтурган Темирова дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои саҳми назаррас дар рушди театр ва кино бо ҷоизаи  махсуси “Олтин Ҳумо”, ки иборат аз диплом бо ангораи тиллоӣ аст қадрдонӣ гардидааст.

Дар соҳаи театр С.Исоева нақшҳои гуногун ва дар киностудияи “Тоҷикфилм”, “Қирғизфилм”, “Мосфилм” ва “Ӯзбекфилм” нақшҳои асосиро офаридааст.

Ҳамасола кормандони илмӣ барои пурра намудани фонди осорхона аз шахсони барӯманди вилояти Суғд маводҳоро ҷамъоварӣ менамоянд ва аз ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева низ ифтихорнома, сипоснома ва аксҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.     

Хоҷаева М-мудири шӯъбаи  таърихи давраи

муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲунар беҳтар бувад аз зар, ки ту дорӣ (Бахшида ба 80-солагии устоди ҳунар Сайрам Исоева)
Scroll to Top