Санаи 15 – уми сентябр ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гурӯҳи меҳмонон аз шаҳри Липетски Федератсияи Русия бо роҳбарии ширкати сайёҳии ООО “Архус” Широков Р.В. ташриф оварданд. Меҳмононро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. пешвоз гирифта, аз таърихи таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маълумот доданд. Сипас аз тарафи роҳбалад – Мирзоева И сайри илмӣ гузаронида шуд ва меҳмонон аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон огаҳӣ пайдо намуданд. Аз симои онҳо пай бурдан мумкин буд, ки тамошои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барояшон хотироти фаромӯшнашавандае боқӣ гузошт. Баъд аз боздиди Осорхонаи вилояти Суғд меҳмонон аз Осорхонаи бостоншиносӣ истеҳкоми вилояти Суғд ба номи Нуъмон Негматов дидан намуданд. Зимни шиносоӣ аз тарафи роҳбалад Маҳмудов Н. сайри илмӣ гузаронида шуд. Сипас меҳмонон аз Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Баъд аз боздид аз анъанаҳои миллӣ тоҷикон, равиши тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ба монандӣ ҷаварӣ, оши бурида (угро) ва ғ. огоҳӣ пайдо намуданд. Дар фарҷоми боздид дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро иброз намуданд:
“Сердечно благодарим сотрудников музея за содержательную и
очень интересную экскурсию. Желаем дальнейшего процветания, успехов!
Большое спасибо за добрую встречу, тёплое отношение”.
С уважением и благодарностью туристичиская группа города Липецка.
Сайфиева Ш - Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”