Санаи 14-сентябр соли ҷорӣ як қатор меҳмонон ва иштирокчиёни Форуми иқтисодии соҳибкорон аз вилояти Красноярски Федератсияи Русия ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Нахуст меҳмонон бо соҳибкорони вилоят дар маҷлисгоҳи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мулоқот намуданд. Зимни мулоқот якчанд шартномаҳо ба имзо расид.
Сипас меҳмонон ба Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд. Меҳмононро омири кулли маҷмаа И.Иброҳимов ва омири осорхона М.Бойматов пешвоз гирифтанд. Меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд, ҳангоми боздид аз тарафи роҳбалади осорхона Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд. Дар рафти сайри илмӣ меҳмононро аз таърих ва фарҳанги ниёгони хеш ба пуррагӣ шинос намуданд. Сипас аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ низ дидан намуданд. Баъд аз боздид меҳмонон таассуроти худро ба китоби фахрии муассиса иброз намуданд.
С чувством глубокого восхищения и благоговения посетил музейный комплекс «Крепость Худжанд». Богатейшая содержательная великолепная коллекция истории древнейшего народа!
Низкий поклон и пожеланиям процветания и великих свершений потомкам ариев!
Лашаков Игорь, участник бизнес -форума.
С Благодарностью, с уважением Спасибо огромная за удивительную экскурсию!
Процветания, здоровья коллективу и успехов низкий поклон.
С уважением Цыбикжапова Антонина Николаевна Президент Ассоциации развития института самозанятых. Город Красноярск
Меҳмонон як чанд рӯз аз ҷойҳои таърихии вилояти Суғд дидан менамоянд.
Баротова М. – китобдори калони
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”