Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Камарбанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Камарбанд, тасма ё миёнбандест, ки дар гузашта мардону занони тоҷик ба миён мебастанд. Камарбандҳои занон нисбат ба камарбандҳои мардон бориктару нафистар сохта мешуданд, ва аз ҳаргуна матоъҳои сахту мустаҳкам ва зебо таҳия мешуданд. Камарбандҳои мардон паҳнтар буда онро аз чарми мустаҳкам месохтанд. Камарбанд дар байни тоҷикон аз замонҳои қадим маъмул аст. Мардуми тоҷик, маъмулан, агар ба коре азм кунанд, ҳатман чизеро ба миён мебанданд. Бинобар ин камарбандро дар гузашта ба маънои навкар, пешхидмат, мулозим ва хидматгор ҳам ба кор мебурданд. Камарбанд бастан бештар хосси паҳлавонону лашкариён дар мусобиқаҳо ва набардҳо буд, зеро усули асосии мубориза дар гӯштингирӣ ва зӯрозмоӣ гирифтан аз камари ҳамдигар ба ҳисоб мерафт.

      Камарбандро аз чарми мустаҳкам тайёр карда, бо сангҳои қимматбаҳо оро медоданд. Масалан, камарбанди мардони Суғд бо зеварҳо, нигин ва сангҳои гаронбаҳову арзонбаҳо оро дода мешуданд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид ҳотамкорӣ мешуданд, шӯҳрат ёфта буданд. Камарбанд бастан имрӯз ҳам дар байни тоҷикон маъмул аст.

      Дар экспозитсияи намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, таҳти мавзӯи "Ҳаёти халқи тоҷик дар давлати Шайбониён" камарбанди асри XVI  ба намоиш гузошта шудааст. Камарбанд аз чарм сохта шуда, ба тарафи рӯяш матои бахмалӣ дӯхта шудааст. Аз болои матоъ ҷавоҳироти фулузӣ оро дода шудааст. Ин камарбанд соли 1967 аз тарафи сокини ш. Истаравшан, Сироҷиддинов Тӯрахон ба осорхона дастрас гардидааст.

Пӯлотова Н-корманди

шӯъбаи таърихи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКамарбанд
Scroll to Top