Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истиқлолият-рамзи озодию ягонагӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Истиқлолият  - рамзи озодию ягонагӣ

Раҳ ба сӯи нури Хуршед аст истиқлол,

Саргаҳи дарёи умед аст, истиқлол.

Миллати ояндадил оинаандешам,

Мазхари пояндаи дил аст, истиқлол.

    Истиқлолият  шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст, ки чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузашти мо арҷ мегузоранд. Воқеан дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол  Истиқлолияти кишвари мо 31- сола гардид, ки чун ҷавони матину устувор суйи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст.  Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст.

  Дар дарозои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона  ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташакулли арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. 

 Истиқлолияти Тоҷикистон барои мардуми тоҷик хушбахтист. Дар ҳақиқат миллати куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик ид дорад ва имрӯзҳо ин ҷашни зеборо дар тамоми гӯшаву канори дунё бо як шукӯху ҷалоли хоса истиқбол менамоянд. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем.

  Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама- чун як тану як ҷон паи илму донишанду имрӯз ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз аз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи забон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил намуда, бархеи дигар дар муассисаву донишкадаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ таҳсили илм менамоянд. Ҷавонони мо имрӯз дарк намудаанд, ки дар роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеъа ва саҳм гузоштан дар руди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад.

   Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои Истиқлолияту ваҳдат  бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

  Дар воқеъ, Истиқлолият аст, ки имрӯз мо ҷавонон дар ҳама самтҳо- сиёсат, иқтисодиёт, маориф, илм, фарҳанг, ва ғайраҳо  комёб ҳастему дар рушду нумуи меҳан саҳмгузорем.  Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои муаззами миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд;  Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу  номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.  . Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа. Аз ҳамин омил давлату миллатро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт ва имрӯз мо бо ифтихор ба истиқболи 31-солагии соҳибистиқлолиамон омодагӣ мегирем.

Эй дӯстон муборак, эҳёи Тоҷикистон

Равшантар асту зебо, фардои Тоҷикистон

Гар мулки бостонист, сар то ба сар ҷавонист

Бингар то азми пиру барнои Тоҷикистон

  Бигзор муқаддасоти давлатдории миллӣ, забони модарӣ, ваҳдату ягонагӣ, истиқлолияти миллӣ, ҳамсафари доимии мову шумо ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва фардои ободу осуда бошад! Бигзор ормонҳои болои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва кору пайкори ҳамешагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи мардуми мо гарданд!

  Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 31 соли истиқлолият чун 31 –зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ овард. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад!  Бигзор, Истиқлолияти тоҷикон, ки атои Худованди ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад. 

 

Сайфиева Ш.- мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангии

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд                

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИстиқлолият-рамзи озодию ягонагӣ
Scroll to Top