Ҳамдиёрони гиромӣ!
Маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо арзу эҳтироми бепоён ҳамаи шумоёнро ба муносибати 31-умин солгардӣ Истиқлоли давлатии кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон қабл аз ҳама хонаи обод, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва иқболи баландро орзу менамояд.
Бигзор, ҷашни муқаддаси Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар, саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоиш оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии шумо бошад!
Иди Истиқлол муборак!