“Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”
Эмомалӣ Раҳмон
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки бузургтарини он ба даст овардани Истиқлолияти миллии давлати азиз мебошад.
Ва хушбахтона имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррузаи мо мебошад.
Маҳз аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо то рафт таҳкиму густариш меёбад.
Дар бунёди ҷомеаи навини кишвари мо, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллат беназир аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин сарвари хирадманд Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлоли худро таҳким бахшид ва имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли талош дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ соҳиби истиқлолият - давлати ободу озод гардид.
Бахшида ба ин ҷашни бузург дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Истиқлолият- бахти миллат” баргузор гардид.
Дар конфронс мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд - Фароғат Усмонова, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров - Шавкат Шарипов, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ - Олимов Дилшод, мудири шуъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Сайфиева Ш.донишҷуи курси 4 колеҷи санъат ба номи Содирхон Ҳофиз - Тошев Азимқул, донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ДДҲБСТ, намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок ва баромад намуданд.
Баъди анҷоми конференсия намоиш таҳти унвони “Назаре ба осори ниёгон” ки нигораҳо аз коллексияи фонди осорхона ба намоиш гузошта шудааст, ифтитоҳ гардид. Намоиш бо китобҳои нодири дастхат, кашидадӯзиҳо ва дарҳои намудашон гуногун оро ёфтаанд.
Шукргузор аз он ҳастем, ки дар ватани аҷдодиамон сулҳу амонӣ пойдор асту дар фазоӣ ободу осуда бо бахти иқболи баланд зиндагӣ ба сар мебарем.Бигзор, иди муқадаси Истқлолият барои кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифаш саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.
Олимова Н – ҷонишини омир
оид ба корҳои илмӣ