Устодон, донишҷӯён ва хонандагони азиз! Маъмурияти МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» ҳамаи шумоёнро ба муносибати 1-уми сентябр – оғози соли таҳсили 2022-2023, Рӯзи Дониш муборакбод менамояд.
Сокинони шарафманди вилоят, алалхусус кормандону шогирдон ва алоқамандони соҳаи маорифи вилоятро бо оғози соли таҳсили 2022-2023 ва ҷашни фархундаи миллии дарпешистодаи Иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию эҷодкорӣ ва баҳри расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, касбӣ ва омӯзгорӣ муваффақият таманно менамояд.
Рӯзи Дониш муборак, ҳамдиёрони азиз!