Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯдакӣ – устоди шоирон

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Толори намоишии осорхонаи таърихии вилояти Суғд вобаста ба даврабандии таърихи ба якчанд мавзӯъ тақсим карда шудааст, ки яке аз он "Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X-XI" ба ҳисоб меравад. Ин давра яке аз марҳилаҳои бузургтарини инкишофи маданияти тоҷикон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин давра илму фарҳанг ва адабиёт пеш меравад. Дар ин давра олимон, шоирон ва  нависандагони машҳур зиндаги ва фаъолият кардаанд. Ба монанди Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абуали ибни Сино, Абулқосим Фирдавси ва дигарон. Дар толори намоиши осорхона нимпайкараи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, устоди шоирон  гузошта шудааст.

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои худ Рӯдак гирифтааст.

Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, аз худ истеъдоди баланде зоҳир намудааст. Рӯдакӣ чунон зираку доно будааст, ки дар синни ҳаштсолагӣ «Қуръон» - ро ба пуррагӣ ҳифз намудааст.

Рӯдакӣ соҳиби девони бузург будааст. Аз шоир ба мо абёти алоҳидаи достонҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», маснавии «Даврони офтоб» ва қасидахои «Шикоят аз пирй», «Модари май» боқӣ мондааст. Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки устод Рӯдакӣ шоири пурмаҳсул будаанд.

Маҳсули эҷодӣ шоир сардафтари адабиёти классикии тоҷик қисман бошад ҳам то замони мо омада расидаанд ва дӯсторони илму адаб аз он баҳравар гардидаанд.

Махсумов Ш – роҳбалади осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯдакӣ – устоди шоирон
Scroll to Top