Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳалқаи паймон - Фуруҳар (Аҳурамаздо)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Аз руи таълимоти зардуштия олам аз ду қувва ду манбаъ – мабдаи некию бади иборат аст. Офаридгори мавҷудоти нек ва некӣ Аҳурамаздо мебошад, ки ҳамеша бар қувваи бад Аҳриман ғолиб мебарояд.

Толори  “Тамаддуни Ориёӣ” маҳз бо рамзи ориёӣ ки аз тарафи рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон , кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова омода гаштааст оғоз меёбад.                

Ҳалқаи паймон  - чанбарае, ки дар дасти чапи тандиси фруҳар дар сангнигораҳои Персиполиси Эрон ҳакк шудааст, нишон аз аҳду паймон миёни Худо ва инсонҳост. Фруҳар ё Фуруҳара дар асл истилоҳи ориёӣ “рух” дар забони аъроб аст. Фуруҳар дар шакли тандиси пирамард бо сару либоси хоссаи форсӣ – эронӣ, дар дасти чап ҳалқаи паймон , ки зикраш рафт, дасти рост нимақад, каме беш бардошташуда дар ҳоли ниёиш, дар камар ҳалқаи бузург – ишора ба “доираи рӯзгор”- зиндагӣ, пару болҳои кушода дар се радиф – ишора дар асоси таълимот Зардушт “рафтори нек”, “гуфтори нек”, “пиндори нек”, ки инсон танҳо тавассути доштани чунин хислатҳои нек метавонад бо ин болҳо ба олами руҳ, олами абадӣ парвоз намояд, тасвир мешавад. Намоди фуруҳар намояндагии инсонро дар назди  Худо ифода мекунад ва ҳар инсон метавонист баҳри ободиву сарсабзӣ ва некиву растагорӣ бо Худо паймон бандад. Ба ин тариқ шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ саҳнаи гирифтани  “ҳалқаи паймон” – рамзи ҳукуматдориро дар биноҳо, саҳнаҳои қабули рамзи мазкур аз ҷониби эзадон дар нақшҳои барҷастаи сангӣ ва бахусус дар сиккаҳо тасвир мекарданд.

Сайфиева Ш. – роҳбалади осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲалқаи паймон - Фуруҳар (Аҳурамаздо)
Scroll to Top