Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи меҳмонон аз вилояти Фарғонаи ҷумҳурии Ӯзбекистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи ҳамкории дуҷониба байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санаи 23-юми августи соли ҷорӣ ҳайати меҳмонон ­намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Нахуст дар ҳамоише, ки бо номи “Муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд” дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, байни Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” ширкатҳои сайёҳии “Водии сайёҳ” ва “Dilrabo Travel”-и вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи созишномаҳои ба имзо расида ҳамкориҳои мақомоти масъули давлатӣ ва доираҳои ширкатҳои сайёҳии ду тараф густариш меёбад.

Баъдан меҳмонон аз “Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Меҳмононро омири осорхонаи таърихи вилояти Суғд Бойматов М.Т. пазируфта, бо сайру суҳбат ба Мақбараи рамзӣ ва Хона-музейи  Шайх Камол раҳнамоӣ намуда, бо ин ду мавзеъ шинос шуданд. Дар ҷараёни боздид аз ҷониби мудири шуъбаи таърих Мамаҷонова М. сайри илмӣ гузаронида шуд.

Сипас меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи Нӯъмон Негматов шинос шуданд. Онҳоро дар ин  шиносоӣ роҳбалади осорхона Сайфиева Ш.  ҳамроҳӣ карда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон маълумот дод.

 Баротова М – китобдори калони

 МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи меҳмонон аз вилояти Фарғонаи ҷумҳурии Ӯзбекистон
Scroll to Top