Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»-И НОЗИМИ ҲИРАВӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Мулло ё Мавлоно Фаррух Ҳусайн машҳур ба Нозими Ҳиравӣ (Ҳиротӣ) аз шоирони соҳибзавқу сермаҳсули асри XVII ба шумор меравад. Нозими Ҳиравӣ дар Ҳирот дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Фаъолияти адабии шоир дар муҳити ҳунармандони Ҳирот ҷараён дошт. Сипас, ӯ ба дарбори ҳокими Хуросон Ҳасанхон даъват шуд. Баъдтар ба хидмати Аббосқулихон даромада бо супориши ӯ соли 1662 маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф намуд. Маҳз бо ҳамин маснавии «Юсуф ва Зулайхо» Нозими Ҳиравӣ шуҳрат ёфт.

  «Юсуф ва Зулайхо» яке аз достонҳои машҳури ишқии адабиёти форсу тоҷик ва халқҳои дигари Шарқи Миёнаву Наздик мебошад. Дар он аз Юсуф – писари пайғамбар Яъқуб сухан меравад, ки бародаронаш аз ҳасад ӯро ба чоҳ андохтанд ва ба падар куртаи ба хуни гӯсфанд (дар баъзе ҷойҳо кабӯтар) олударо нишон дода, ӯро бовар кунонданд, ки Юсуфро гург хӯрдааст. Юсуфро аз чоҳ корвониён озод кард, ба азизи Миср ба ғуломӣ фурӯхтанд. Зани азизи Миср – Зулайхо ба Юсуф дил баст, вале Юсуф ишқи ӯро рад кард. Пас аз вафоти азизи Миср Юсуф соҳиби тахт шуд ва бо падару модар ва бародаронаш вохӯрд.

  Манобеи қадими дастрасшудаи ин қисса «Таврот» ва «Қуръон» мебошад. Аввалин маротиба «Юсуф ва Зулайхо»-ро монӣ ном шоир дар асри XI навиштааст, ки онро ба Фирдавсӣ низ мансуб медонанд, ки нодуруст аст. Дар асри XV баъди оне, ки Абдурахмони Ҷомӣ «Юсуф ва Зулайхо»-ро навишт, шуарои зиёде ба ин асар пайравӣ карданд. Ба монанди: Мавҷии Бадахшӣ, Салими Табрезӣ, Номии Исфаҳонӣ, Шиҳоби Туршезӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Нозими Ҳиравӣ ва ғ.

Дар байни ин шоироне, ки ба ин маснавӣ пайрави карда «Юсуф ва Зулайхо» навиштанд, маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ мавқеи алоҳида дорад. Муосирони Нозим, сухансанҷону тазкиранависони баъдина ин достонро асари шаҳкоре ҳисоб кардаанд. Муҳаммад Афзали Сархуш соҳиби тазкираи «Каломот-уш-шуаро» ин тавр менависад: «Нозими Ҳиравӣ устоди хушхаёл ва соҳибзабон маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба адоҳои рангин гуфта ҳама ҷо дар вай талошҳо карда».

Соҳиби тазкираи «Ҳусайнӣ» Мир Ҳусайндӯст гуфтааст: «Юсуф ва Зулайхо» беҳтар аз ӯ ҳеҷ кас нагуфтааст, бисёр хушгӯст».

«Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ аз 5191 байт иборат мебошад ва дар баъзе аз сарчашмаҳо шумораи байтҳояш ихтилоф ба назар мерасад.

«Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим дар таърихи баъдинаи адабиёти тоҷик роли муҳим бозидааст. Баъди ба вуҷуд омадани он як силсила шоирон, ки дар Осиёи Миёнаву Эрон ва чи дар Ҳиндустон, дар пайравии ӯ достони «Юсуф ва Зулайхо» ва Мулҳами Бухороӣ «Лайливу Маҷнун» навиштаанд, ки дар ин маснавиҳо ҳамон услуби Нозим дида мешавад. Як гурӯҳ дигари шоирон, монанди Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ дар «Толибу Матлуб», Исои Бадахшонӣ дар «Мавзун», Масеҳои Бойсунӣ дар «Раънову Зебо» Нозимро хеле бо эҳтиром ном бурда, истеъдоди баланди вайро дар маснависароӣ эътироф кардаанд.

Маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и шоир бори аввал дар Ҳиндустон дар матбааи Нувал Кишур соли 1876 ва инчунин дар соли 1904 дар Тошканд ба табъ расидааст.

Дар фонди МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» низ чопи сангии ин асар таҳти рақами №4366 маҳфуз аст. Китоб соли 1322/1904 дар Тошканд ба табъ расидааст. Забони асар форсӣ буда, аз 190 саҳифа иборат мебошад, ки дар ҳошияҳои саҳифа шарҳу тавзеҳи матни аслии китоб оварда шудааст, ки барои истифода бурдан хеле муҳим мебошад, зеро то он ҷое, ки ба мо маълум осори Нозими Ҳиравӣ ягон маротиба аз тарафи муҳаққиқон баррасӣ нашудааст.

Мирзоева И.П ­– роҳбалади осорхона

 

          

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»-И НОЗИМИ ҲИРАВӢ
Scroll to Top