Шамшер, сайф, шоф, қилич силоҳи ҷангии сарбозонро гӯянд. Дар варзиш яроқи сардеро номанд, ки бо он мусобиқаҳои шамшербозӣ гузаронида мешавад. Шамшер ҳамчун воситаи ҷанг дар асарҳои классикони форсу тоҷик тавсиф шудааст. Намунаҳои зиёди шамшер то замони мо омада расидааст, ки яке аз онҳо дар толори намоишгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар толори эллинистӣ ба маърази тамошобинон гузошта шудааст ин шамшери дудама мебошад.
Шамшер аз ҷузъҳои мураккаб иборат буда 10% - и онро оҳан ташкил медиҳад. Бино бар солҳои тӯлони дар зери хок буданаш ҳолати худро гум кардааст ва ба 8 қисмат (палаха) ҷудо шудааст. Шамшер ба асрҳои ΙΙ - Ι – и то мелодӣ таалуқ дошта дарозии он ба 120 см мерасад.
Ин бозёфт 25 июни соли 1981 дар вақти таъмири харобаҳо аз деҳаи Хоҷасофи ноҳияи Деваштич дарёфт гардидааст. Аз тарафи собиқ директори осорхона Қодиров А. ва бостоншинос Маскаленко А.А. ҷамъовари шуда ба осорхона ворид карда шудааст.
Тошматов Даврон – роҳбалади осорхона