Асрҳои VII-VIII дар таърихи Осиёи Миёна чун давраи Истилои Арабҳо маълум аст, ки ба сари халқҳои Осиёи Миёна мушкилиҳои иқтисодию зарбаҳои сиёсӣ овард, инчунин, ба маданияти ин халқҳо зарари калон расониданд ва онҳо ёдгориҳои меъморӣ, шаҳрҳо ва ҷойҳои аҳолинишинро хароб ва несту нобуд карданд. Ба хароба мубаддал гаштани шаҳрҳои қадими Панҷакент, Шаҳристон ва дигар шаҳрҳо низ натиҷаи истилои ваҳшиёнаи арабҳо буд. Аммо, сарфи назар аз истилои арабҳо ва истилои аҷнабиёни дигар, халқи тоҷик натанҳо санъати бои худро аз даст надод, балки онро аз байни дуду оташи сӯхторҳои солҳои воқеаҳои хунин ҳифз намуда, то ба ин рӯз оварда расонид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик аз давраҳои қадим дар асрҳои VII-VIII ба санъати кандакорӣ машғул буданд.
Намунаи санъати кандакорӣ дар экспозитсияи намоиши “Бунҷикат (Шаҳристон ) асримиёнагӣ” экспонатҳо – пораҳои нимсӯхтаи чӯби кандакорӣ кардашуда, ба намоиш гузошта шудаанд. Ин пораҳо соли 1957 дар натиҷаи ковишҳои ҳафриётӣ аз Шаҳристон дарёфт гардиданд.
Чунин пораи чӯбҳои кандакорӣ кардашуда аз вайронаҳои шаҳрҳои Шаҳристон ва Панҷакент ҳангоми кофтукобҳои археологӣ дарёфт шудаанд, ки ба асрҳои VII-VIII таалуқ доранд. Инчунин, ҳангоми ковишҳои ҳафриётӣ аз димнаҳои Шаҳристон 24 адад пораҳои чӯби кандакорӣ кардашуда пайдо карда шудаанд. Пораҳои чӯби кандакорӣ кардашуда ба ҳамдигар монанд буда, аммо бештари онҳо сӯхтааст лекин бо вуҷуди ин то замони омада расидааст.
Дар ин пораҳои чӯбҳо нишонаҳои кандакорӣ мавҷуданд, ки дар он, нақши кандакории гуле, ки танаи рост ба боло сабзида, ба ду тараф шохчаҳо рондааст, ҳар як шохча бо гул ба охир расидааст.
Муродҷони Шовазир – роҳбалади Осорхона