Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«БӮСТОН»-И ШАЙХ САЪДӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   «Бӯстон» بوستان асари манзуми ахлоқии Шайх Саъдии Шерозӣ мебошад, ки онро соли 1257 таълиф кардааст. Асари мазкур зиёда аз 1000 байтро дарбар мегирад. Саъдӣ дар асари худ натиҷаи дониши дар мадрасаҳо омӯхта, таҷрибаи дар сафарҳо андӯхта, одобу русум ва расму одати писандида ҳикматҳои гирдоварда ва андешаҳои бохирадонаашро ҷой додааст. «Бӯстон» аз дебоча ва 10 боб иборат мебошад, ки худи Саъдӣ ба тариқи назм чунин нигоштааст:

Чун ин кохи давлат бипардохтам,

Бар ӯ даҳ дар аз маърифат сохтам:

Яке боби адл асту тадбиру рой,

Нигаҳбони халқу тарси худой.

Дуюм боби эҳсон ниҳодам асос,

Ки муҳсин кунад фазли ҳақро сипос.

Савум боби ишқ асту мастиву шӯр,

На ишқе, ки банданд бар худ ба зӯр.

Чаҳорум – тавозуъ, ризо – панҷумин,

Шашум – зикри марду қаноатгузин.

Ба ҳафтум дар аз олами тарбият,

Ба ҳаштум дар аз шукр бар офият.

Нуҳум – роҳи тавбаст, роҳи савоб,

Даҳум – дар муноҷоту хатми китоб.

  «Бӯстон» бо номи «Саъдинома» ҳам шуҳрат дорад. Ҳар боби «Бӯстон» аз муқаддимае ё гуфтори назарӣ шурӯъ мешавад, ки ғояи асосӣ, мақсад ва мазмуни онро ифода карда, ҳикояту тамсилҳо барои тақвияти фикр оварда мешаванд. Дар асар афкору андеша, рафтору мавқеи иҷтимоии муаллиф – боло гузоштани дарвешӣ бар подшоҳӣ ва фуқаро бар салотин ифода ёфтааст. Саъдӣ дар баробари тавсифи адлу инсоф, ғояҳои некию хубӣ, сулҳи пойдор, осоиши халқҳо ва бародарии мардумони гуногуннажод ва гуногунмазҳабу мухталифоинро ташвиқ мекунад. «Бӯстон» манбаи андарзу ҳикмат ва насоеҳ дар ахлоқи пок, тарбият, ваъз ва таҳқиқ аст. Баъзе ҳикояҳои «Бӯстон» ба тарзи шӯхӣ, ҳаҷв ва мутоиба навишта шудаанд, ба фолклор гузашта моли халқ шудаанд. «Бӯстон» ба забонҳои туркӣ, русӣ, ӯзбекӣ, фаронсавӣ, немисӣ,англисӣ ва ғ. тарҷума шудааст. аз соли 1971 то ба имрӯз матни форсӣ-тоҷикии он дар Эрону Ҳиндустон, Тоҷикистону Афғонистон, Туркияву кишварҳои Ғарб бештар аз 250 маротиба ба табъ расидааст.

«Бӯстон» дар тӯли асрҳо ҳамчун намунаи барҷастаи китоби ахлоқӣ дар адабиёти халқҳои Шарқ назираҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Дар фонди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ чопи сангии ин асар таҳти рақами №4291 маҳфуз аст. Асар соли 1318/1900 китобат шудааст, ки муҳаққиқону пажӯҳишгарон барои таҳқиқотҳои хеш метавонанд аз он истифода баранд.

Исобоев Д. – мудири шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«БӮСТОН»-И ШАЙХ САЪДӢ
Scroll to Top