Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Барелеф

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Як намуди ҳайкалтарошие, ки дар он тасвири сеандоза болотар аз заминаи ҳамвор мебароянд, релеф номида мешавад. Чор намуди релеф мавҷуданд: барелеф, релефи баланд, контррелеф ва коянаглиф.

Тасвирҳои барелеф бо истифода аз кандакорӣ, қолабӣ ё нақшбандӣ- вобаста ба мавод, ки метавонанд гил, гаҷ, санг ё чӯб бошанд, сохта мешаванд. Фарқи байни ин 4 намуди релеф таносуби ҳаҷми тасвир ва замина мебошад.

Аввалин барелефҳо дар асри санг пайдо шуда буданд, онҳо тасвирҳое буданд, ки дар сангҳо кандакорӣ шудаанд. Барелефҳо тақрибан дар ҳама фарҳангҳои ҷаҳони қадим : Миср, Форс, Ҳиндустон ва ғайра мавҷуданд. Дар Юнони Қадим ва Рими Қадим барелефҳо бештар дар паҳлӯҳои маъбадҳо гузошта мешуданд ва гӯё «варақаи боздид»-и бинои динӣ мешуданд. Санъати барелеф ҳам дар асрҳои миёна ва ҳам дар асри нав вуҷуд дошт.

    Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар намоиши экспозитсионии намуди барелеф, яъне бо услуби барҷаставӣ аз гаҷ сохта шуда, тасвир намудани воқеъаҳои таърихӣ - муҳорибаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарони араб, давраи рушду камолоти адабиёту санъат, тамаддуни санъати давраи Сомониён, далерию шуҷоати халқи тоҷик дар муҳорибаҳо ва таъриху фарҳанги он то замони муосир бо як маҳорати баланд рӯи кор омадааст. Ин ҳунари кории ҳайкалтароши машҳури кишварамон Давронҷон,Раҳматов мебошад.

Пӯлотова Нигорахон-корманди илмии

шӯъбаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБарелеф
Scroll to Top