Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи меҳмонон аз шаҳри Красноярск

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар доираи ҳамкории дуҷониба байни Русия ва Тоҷикистон санаи 1 августи соли ҷорӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” як қатор меҳмононро аз шаҳри Красноярски Русия пешвоз гирифтанд. Давоми 4 рӯз меҳмонон аз ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик  дидан намуданд.

  Нахуст меҳмононро омири осорхона Бойматов М.Т. пазируфта, дар ҷараёни боздид аз ҷониби роҳбалади осорхона Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи Нӯъмон Негматов, Мақбара ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон огоҳӣ пайдо  намуданд. Ҳамчунин, ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро иброз доштанд.

  От имени  Центрально - Сибирской торгово-промышленной палаты и президента Центрально-Сибирской торгово промышленной палаты от имени бизнес-сообщества Красноярского края выражаем огромную благодарность за организацию и приём в город Худжанд.

Искренне желаем Вам крепкого здоровья, благополучия, продожение родов, успехов, надёжних партнёров преданних туристов. Пусть будеть бодрость с самого утра, до самой ночи тёмной!

Чтоб дом был полной  гостей, других домов все краше! Мира Вам, и всегда отличного настроения.

Таджикистан и Россия – две половинки судьбы.

Приглашаем вас посетить Красноярский край!

С огромным уважением!

  Ҳамчунин меҳмонон дар охири сафар бо Раиси вилояти Суғд мулоқот намуданд.  Зимни мулоқот Раиси вилоят доир ба зарфиятҳои вилояти Суғд маълумот дода, таъкид кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳоли рушд аст. Гуфта шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мубодилаи молу маҳсулот сурат гирифта, Федератсияи Россия аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди ниҳоии пахта, коркарди меваву сабзавот, консерва, банду басти меваи хушк ва содироти он ба Россия баён доштанд.

  Пас аз мулоқоти судманди тарафҳо миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Агентии "Статус"-и Красноярск, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва Иттифоқи соҳибкорони Красноярск, ширкатҳои "САМО" ва «Алянс Строй», "САМО" ва "Энергия", "МИН" ва «Селена фарм», «АгроБиоХим» ва "СИВЕР", ширкати нақлиётии «АВВАТ» ва «Железнодорожное снабжение» ва ғайраҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи созишномаҳои ба имзо расида ҳамкориҳои мақомоти масъули давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии ду тараф густариш меёбад.

Баротова М ­– китобдори калони

МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи меҳмонон аз шаҳри Красноярск
Scroll to Top