Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Санъати ҳайкалтарошӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Ҳайкалтарошӣ яке аз намудҳои қадимтарини санъат маҳсуб меёбад. Дар тӯли тамоми таърих образҳои одамон ё ҳайвонот дар рӯйи сангҳо, шохҳо, устухонҳо ва ғайраҳо тасвир меёфтанд. Ҳайкалтарошӣ (скульптура) – аз калимаи лотинӣ (sculptura, аз sculpo – буридан, кандан, тарошидан) гирифта шудааст. Шахсе, ки ба чунин намуди санъат машғул аст, ӯро ҳайкалтарош меномиданд.

Сангҳои балбал, образҳои одамон, ҳайвонот, ашёи ҳаёти рӯзгорро аз омехтаи махсус таҳияшуда аз гил месохтанд.

    Ҳайкалтароши ба се намуди асоси тақсим мешавад.

  1. Бузург (монументали)
  2. Дастгоҳӣ
  3. Ҳайкалтарошии шаклҳои хурд

  Ҳайкалтароишии бузург тибқи шакл ва андоза тафовут дорад. Асарҳои бузурги ҳайкалтарошӣ дар кӯчаҳо, майдонҳо, дар боғҳо, дар берунии хонаҳо ва дар толорҳои азим гузошта мешаванд. Ҳайкале, ки ба яке аз инсонҳои машҳур ё ҳодисаи муҳим бахшида шудааст, асари ҳайкалтарошӣ номида мешавад. Муҷассама ҳайкали азимҷусса буда, ҳодисаи бузургеро инъикос менамояд, маҳз бо ҳамин хусусият аз намудҳои дигари ҳайкалтарошӣ тафовут дорад. Монумент аз калимаи лотинӣ (monumentum) гирифта шуда, маънояш “ҳайкал” мебошад.Тафовути ҳайкали бузург дар он аст, ки онро дар назди биноҳо, хонаҳо ва осорхонаҳо, инчунин, дар боғҳо ва гулгаштҳо мегузоранд.

  Яке аз чунин муҷассамаҳо ки ҷолиби диққати меҳмонони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад, муҷассамаи Темурмалик - Қаҳрамони халқи тоҷик мебошад, ки дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шудааст. Ин муҷассама аз тарафи муҷассамасози ҷавону боистеъдод Давронҷон Раҳматов - дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шуда, баландиаш 3,5 м буда, 4 тонна метали биринҷӣ истифода шудааст. Ин аввалин ҳайкали Темурмалик аст.

Шарифа Сайфиева – роҳбалади

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСанъати ҳайкалтарошӣ
Scroll to Top