Достони корнамоиҳои саравлоди афсонавии римиҳо Эней, дугоникҳо Ромул ва Рем ва модагурги капитолӣ дар асри III то милод чун ривояти расмии шаҳриён қабул шуда, мавзӯи бисёр асарҳои шоирон, муаррихон, рассомон ва ҳайкалтарошон гардид.
Нақши бародарон Ромул ва Ремро шир дода истодани модагург дар нишони шаҳри Рим, тангаҳои империяи Рим ва медалёнҳои Италия ва Византия вуҷуд доштанд, ки онҳо ҳангоми ҳафриёти Панҷикент, Бунҷикат ба даст омадаанд.
Дар санъати тасвирии ҷаҳон ягона асареро, ки тамоми мавзӯъи ин достонро мукаммал дар бар гирифтааст, ин деворнигора мебошад. Деворнигора солҳои 1955-1972 аз ҷониби иштирокчиёни Экспедистсияи археологии Шимолии Тоҷикистони Институти таърихи ба номи Аҳмади Донишӣ Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ҳангоми ҳафриёти қасри афшинҳои Истаравшан асрҳои VIII-IX аз димнаи пойтахти он шаҳри Бунҷикат, ҳоло дафинаҳои Қалъаи Қаҳ-Қаҳа I-II-III дарёфт гардидааст.
Ин асари рӯйи девории дарозиаш шашметраи мураккаби бисёрперсонаждор аз чанд манзара иборат аст: марди болои тахт нишаста, модагург ва бародарони дугоник ва инчунин марди чӯпон. Композитсияи наққошии бисёррангаи Шаҳристон бо маҳорати баланд акс ёфта, мавзӯи фоҷиавии достони модагургу дугоникҳоро хуб тасвир мекунад ва аз ҳамин сабаб дар санъати тасвирии ҷаҳон мақоми махсусе дорад. Тадқиқоти васеи ривоятҳои қабилаҳою халқҳои қадими Осиё ва Аврупо ба хулосае овард, ки мувофиқи он модагург ва бародарон дар сарзамини қабилаҳои эронинажоди Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар замонҳои ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шуда, дертар дар байни қабилаҳои бодиянишину муқимии мамлакатҳои Осиё ва Аврупо паҳн гардидааст.
Ба ҳамин тариқ, дар дунёи қадим мубодилаи як сюжети ривоятӣ ба амал омадааст, ки аз иштироки халқҳои Эронзамин дар ташаккули маданияти Рими атиқа шаҳодат медиҳад.
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар экспозитсияи намоишии таҳти мавзӯи “Бунҷикати асримиёнагӣ” нусхаи расми модагург бо дугоникҳо ба намоиш гузошта шудааст.Инчунин дар маркази шаҳри Хуҷанд пайкараи модагург ва дугоникҳо, ки аз тарафи ҳайкалтарош Раҳматов Даврон соли 2010 сохта шудааст, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Хоҷаева М- мудири шӯъбаи
таърихи давраи муосири
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”