Санаи 22-юми июл тибқи нақшаи кории Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя бо Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” ба ифтихори таҷлили ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, мудири шӯъбаи адабиёт ва Камолшиносии МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Саидов Исмоилҷон ва мудири шӯъбаи таърихи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Мутрибахон Мамадҷонова иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҷавонони маҷмаа бо сипосномаҳои Филиали иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш пеш аз ҳама дар қалби ҷавонон бедор намудани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва ифтихорӣ миллӣ мебошад.
Нодира Олимова
ҷонишини омири
осорхона оид ба корҳои илмӣ.