Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китобхонаи илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  “Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи  андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.

                                                                                                                                                                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

  Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз, тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон мансуб аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки да рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон,устухонҳо, пӯсти хайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт, баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Ҳамчунин, халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад.

  Китобхони яке шуғли дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад ва аз ин лиҳоз дар ҷумҳуриамон озмунҳои гуногун гузаронида мешавад.  Дар ин замина китобхонаи илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” аз назар орӣ нест. Китобхона дорои 6581 адад китоб буда, вобаста ба мавзӯҳояшон ба феҳристҳо мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, осорхонашиносӣ, китобҳо бахшида ба Садриддин Айнӣ, таърих, адабиёти форсӣ, забоншиносӣ, адабиёти муосир, таърихи ҷаҳонӣ, китобҳои бадеӣ, девонҳо, адабиёти бадеӣ, энсиклопедия, луғатҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ҷудо карда шудааст.

 Хонандагону донишҷӯён ва кормандони муассиса ҳамарӯза аз ин китобҳои илмӣ ва барои омода намудани мақолаҳо ва тайёр намудани маърузаҳо истифода мебаранд. Ҳамарӯза китобхона ба донишҷӯён, хонандагон ва кормандони дигар муассисаҳои таълими хизмат мерасонад.

Китобхонаи илмии осорхона бо китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Муассисаи давлати “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ҳамкории зич дорад.

Бояд зикр намуд, ки МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи расмии худ буда, дар он аз тарафи кормандон саривақтӣ ҳамаи ахборот, мақолаҳое, ки аз тарафи кормандон навишта мешавад ба сомона гузошта мешавад.

Баротова М

китобдори калони

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитобхонаи илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top