Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парчами Корвони Сулҳу Ваҳдат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Баъд аз ба эътидол омадани вазъияти сулҳу субот дар кишвари азизамон як силсила чорабиниҳо барои мусоидат ба раванди Сулҳу Ваҳдати миллӣ, ки онро Пешвои миллат роҳбарӣ намуда буд, баргузор гардид. Ҳар як фарди тоҷик, ки хоҳони сулҳу ваҳдат дар кишвар буд, дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид гардида буд. Роҳбарияти созмони Фонди миллӣ Шоҳроҳи абрешим – шоҳроҳи Ваҳдат моҳи июли соли 1999 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, ташкил ва баргузории чорабинии Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдатро пешниҳод намуд. Ин пешниҳодро Роҳбари давлат натанҳо дастгирӣ кард, балки барои васеъ ва дар сатҳи баланди умумимиллӣ баргузор намудани он сарварӣ намуд.

  Дар гузаронидани Корвонҳо байни Фонди миллӣ “Шоҳроҳи абрешим - Шоҳроҳи Ваҳдат” ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон қарордод баста шуд.

  Бояд қайд намуд, ки тобистони соли 1997 баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Пешвои миллат ба вилояти худмухтори Бадахшони Кўҳӣ сафар намуда, дар суханронии хеш  ин қисми ҷудошавандаи кишвари азизамонро “Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” эълон карданд.

  Дар баргузории Корвони Сулҳу Ваҳдат бо фармони Президенти кишвар як гурӯҳ намояндагон аз зиёиёни кишвар ба вилояти Бадахшонӣ Кўҳӣ сафар намуданд. Созмондиҳандагони Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат сафарро аз ағбаи Кулмаи Бадахшон оғоз намуда, Кулма-Мурғоб-Хоруғшаҳр-Кӯлоб-Душанбе-Айнӣ- Хуҷанд-Исфараи вилояти Суғд ба анҷом расониданд.

  Корвонҳои Сулҳу Ваҳдатро, ки солҳои 1999, 2000, 2002, 2006 баргузор гардида буд, аз оғоз то охир Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамроҳӣ мекард.

  V-умин Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат санаҳои 20-26-уми июни соли 2022 баргузор гардид. Аз ҷониби директори иҷроияи фонди миллӣ “Шоҳроҳи абрешим - Шоҳроҳи Ваҳдат” Мамадазимова Марям ва намояндаи корвон аз вилояти Суғд Шарипов Абдуҳаким иштирокчии фаъоли Корвони Ваҳдат Парчами дар корвон ҳамроҳбударо  санаи 14 июли соли 2022 ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” тӯҳфа намуданд.  

  Аз ҷониби намояндагони Корвон Мамадазимова Марям ва Шарипов Абдуҳаким расмҳои рафти V Корвони Сулҳу Ваҳдатро тариқи слайд ба кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муаррифӣ намуда, аз лаҳзаҳои таърихӣ нотакрори ин чорабиниҳои сиёсӣ гуфта  гузаштанд.  

Маъмурияти муассиса барои чунин иқдом изҳори сипос менамояд.   

Нодира Олимова

ҷонишини омир

оид ба корҳои илмӣ

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарчами Корвони Сулҳу Ваҳдат
Scroll to Top