Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” якҷоя бо соҳибкори инфиродӣ Ирисбаев Александр намоиши Шабпаракҳои тропикиро баргузор менамояд. Намоиш аз санаи 16 июл то 28 август дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз соати 10:00 то 20:00 идома меёбад.
Дар ин намоиш шабпаракҳои тропикии гуногунранг ва гуногунандоза ба намоиш гузошта мешавад. Аз тарафи ташкилкунандагони ин намоиш дар бораи ҳар як намуди онҳо маълумоти муфассал медиҳанд.
Дӯстдорони олами тропикӣ метавонанд бо ширкат дар ин намоиш дар бораи шабпаракҳо маълумоти бештар гиранд.