Абулато Маҳмуд ибни Алӣ ибни Маҳмуд мутахаллис ба Хоҷу аз маъруфтарин шоирони Кирмон маҳсуб меёбад. Ӯ дар Кирмон тавлид шудаву бештари улуми маъмули замонаашро дар зодгоҳаш касб кардааст. Аз мутолиаи ашъори ин шоир бармеояд, ки худи Хоҷу дақиқан соли таваллуди худро дар осораш зикр мекунад.
Расида моҳи зулҳиҷҷа ба ишрин,
Ба бом оварда гардун хишти заррин.
Зи ҳиҷрат шашсаду ҳаштоду нуҳ сол,
Шуда панҷоҳ рӯз аз моҳи шаввол.
Аз ин мисраҳое, ки дар боло зикр шуд, бармеояд, ки таваллуди Хоҷу 20-уми зулҳиҷҷаи 689 мутобиқ ба 24-уми декабри 1290 мебошад. Хоҷу ба шаҳрҳои Исфаҳон, Озарбойҷон, Шом, Рай, Ироқ, Миср ва ғ. сафар кардааст. Як нуктаи муҳимро дар мавриди сафарҳои шоир бояд зикр кард, ки зодгоҳи ӯ муддати чанд соли зисташ ба харобазоре табдил ёфта буд. Муҳаққиқон сабаби ба сафарҳои тӯлони баромадани Хоҷуро талаби диёри осоишта ва мамдӯҳи шоиста донистаанд. Хоҷуи Кирмонӣ пас аз сафарҳои зиёду тӯлонӣ ба Шероз сукунат мекунад ва дар ҳамон ҷо соли 752/1352 вафот мекунад.
Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ин шоир баъди Хусрави Деҳлавӣ анъанаи Низомии Ганҷавиро давом дода достонҳои ишқию ахлоқӣ сурудааст. “Хамса”-и Хоҷуи Кирмонӣ аз маснавӣ ва достонҳои ”Равзат-ул-навор”, “Камолнома”, “Гавҳарнома”, “Ҳумой ва Ҳумоюн” ва “Гул ва Наврӯз” таркиб ёфтааст.
“Равзат-ул-анвор” соли таълифаш номаълум дар пайравии “Махзан-ул-асрор”-и Низомии Ганҷавӣ таълиф шудааст. “Камолнома” соли 1343 таълиф шуда яке аз беҳтарин маснавии ахлоқи буда, дар пайрави “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ навишта шудааст. “Гавҳарнома” соли 1344 таълиф шудааст. “Ҳумой ва Ҳумоюн” соли 1332 таълиф шудааст. Он аз ишқи пурмоҷарои Ҳумои Замини Ховарӣ – писари шоҳ Ҳушанг ва Ҳумоюн – духтари фағфури Чин ривоят мекунад. “Гул ва Наврӯз” соли 1342 дар пайравии “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганҷавӣ таълиф шудааст. Дар он қиссаи ишқи пуршӯри Наврӯз – писари шоҳ Фирӯзи Хуросонӣ ва Гул – духтари Қайсари Рум тасвир шудааст.
Ин асари мазкур соли 2018 аз тарафи кормандони МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов, Оқилбой Оқилов ва Шоира Олимова ба табъ расонида шуд ва ҳамчунин аз тарафи ин Муассиса ба дигар Муассисаҳои давлатӣ ин асар тақсим карда шуд ва ба китобхонаи илмӣ МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» низ дастрас карда шуд, ки донишҷӯёну хонандагон метавонанд аз он истифода баранд.
Д.Исобоев – мудири шуъбаи дастхатњо
ва табъу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»