Ҳунари табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, ки ба сохтани табақу қошуқ ва дигар ашёҳои чӯбӣ алоқаманд аст. Ҳунармандон барои тарошидани табақ бештар чӯби дарахтони зардолу, чормағз, чанор ва тутро истифода мебаранд.
Дар замонҳои қадим устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешуданд, ки аз зери устохона ҷӯйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд.Об бо сурати баланд аз новдон омада, чархро гардон мекард ва чарх тири дастгоҳро тоб медод.Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷойи дӯкон устувор шуда буд. Дар болои тир се адад мехкӯб буд, ки усто ба он ҷо чӯби коркарднашударо махкам мекард. Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачӯби нотайёр низ тоб мехӯрд ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурӯъ менамуд. Ҳоло ҳунармандон барои тарошидани табақ дастгоҳи ҳарротӣ ва барқиро истифода мебаранд.
Онҳо кундаҳои дарахтонро бурида, дар об муддати тӯлонӣ тар мекунанд, то ин ки дар вақти тарошидан пора нашавад. Шакли табақ, ки омода гардид, сипас бо тешаи хурд дохили онро тарошида, ба дастгоҳи харротӣ насб мекунанд. Табақи қисман омодашударо аз дастгоҳ гирифта, бо теша ҷойҳои нотамомро метарошанд. Дар фарҷоми кор ба табақ равған мемоланд, ки онро аз кафидан эмин нигоҳ медорад.
Дар навоҳии водиҳои Ҳисору Рашт ва вилояти Хатлон мардум хӯрокҳои анъанавӣ: қурутоб, шакароб, шӯрбо ва чанде дигарро дар табақи чӯбин истеъмол мекунанд.
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” барои муаррифии фарҳанги тоҷикон намудҳои гуногуни табақҳои чӯбин ба намоиш гузошта шудааст.
Хоҷаева М-мудири шӯъбаи
таърихи давраи муосир МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”