Маъмурияти МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» тамоми сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Қурбон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу баракат ва хотирҷамъию саодати зиндагиро орзу менамояд.
Иди Қурбон ки бо иди Азҳо низ маъруф аст, мисли аксари ҷашну маросим, идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми куҳанбунёди мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ истиқболи тоза ёфт ва маҳбубияти пешини хешро ҳифз намуд. Воқеан ҳам, Иди саиди Қурбон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро дар худ таҷассум намуда, аҳли ҷомеаро ба амалҳои нек ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, дар арафаи иди мазкур ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, ёрмандӣ ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ҳамчун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дӯстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад.
Бо чунин таманниёт бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба кулли сокинони вилоят сидқан табрик намуда, сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори орому осуда ва саодати ҷовидониро орзумандем.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром маъмурияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”