Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ОСОР-УЛ-БИЛОД ВА АХБОР-УЛ-ИБОД

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод» – асари таърихию ҷуғрофии муаррихи форсу тоҷик Закариёи Қазвинӣ, ки соли 1275 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ин асар ба ҷуғрофияи ҷаҳон бахшида шуда, ҳанўз мақоми илмии худро аз даст надодааст. Аз мутолиаи асар маълум мегардад, ки Қазвинӣ аз ҷаҳонгардон ба воситаи ҳамсуҳбат шудан, рафтуомад ва хондани осор баҳра гирифтааст.

  «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод» аз сарсухан, се муқаддимаи назариявӣ  ва ҳафт боб иборат аст. Муқаддимаи якум аз сабабҳои ба вуҷуд омадани ҷамъияти инсонӣ, сохти ҷамъият, истеҳсолот ва пайдо шудани шаҳрҳо, деҳаҳо баҳс мекунад. Муқаддимаи дуюм аз ду фасл иборат аст. Дар фасли якум самтҳо ва замин аз рўи табиаташ ба гармсеру сардсер ҷудо шудааст. Фасли дуюм аз маодин, наботот ва ҳайвонот маълумот медиҳад. Дар китоб дар бораи Осиёи Миёна низ баъзе маълумотҳои нодир мавҷуданд. Инчунин, материалҳои этнографӣ дар бораи туркҳо, славянҳо, русҳо, булғорҳо ва фарангҳо ҷолиби диққатанд. Дар асар дар бораи мамалакатҳои Аврупо низ маълумот оварда шудааст, ки дар асарҳои дигар муаллифони пешина дида намешавад. Дар ин асар зиёда аз 900 номи мавзеъ ва 970 номи шахсони машҳур зикр ёфтааст. Ин асар барои муаррихону этнографҳо, файласуфону географҳо ва астрономҳо сарчашмаҳои хубе мебошад. Нусхаҳои зиёди чопии асар дар китобхонаҳои Москва, Санкт-Петербург, Тошкент, Душанбе маҳфузанд.

  Ин асари мазкур соли 2018 аз тарафи корманди МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба забони кириллӣ тарҷума ва ба табъ расонида шуд ва ҳамчунин аз тарафи ин Муассиса ба дигар Муассисаҳои давлатӣ ин асар тақсим карда шуд, ки ба китобхонаи илмии МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» низ дастрас карда шуд, ки донишҷўёну хонандагон бемамоният аз он истифода баранд.

Д.Исобоев – мудири шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООСОР-УЛ-БИЛОД ВА АХБОР-УЛ-ИБОД
Scroll to Top