Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ЁДЕ АЗ ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ ДАР РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар Осорхонаи таърихи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ёдбудӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ-рисолати ватандорӣ” баргузор гардид. Дар конфронси мазкур аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пайвандони аллома Бобоҷон Ғафуров, намояндагони Воситаҳои ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. оғоз гардид.

  Дар конфронс сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Қосимов Б.И. ва мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Усмонова Ф. иштирок доштанд. Ҳамчунин, дар конфронс маърӯзаҳои Шавкат Шарипов – Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, дотсент “Сиришт ва сарнавишти покмазҳарӣ: Хориқаи ғафуровӣ ё шаммае аз хираду матонат бузургӣ ва футувати алломаи беназир Бобоҷон Ғафуров”, Олимова Нодира – ҷонишини омир оид ба корҳои илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими сулҳ” ба самъи ҳозирин расонида шуд. Сипас аз тарафи ҷияни аллома Бобоҷон Ғафуров Файзиева Ҳабиба Абдуғаниевна аз ҳодисаҳову воқеаҳои давраи зиндагонии Бобоҷон Ғафуров нақлҳо шунида шуд. Дар анҷоми чорабинӣ бо даъвати омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирокдорон аз толори намоишии навбатӣ, аксҳои академик Бобоҷон Ғафуров, ки аз тарафи роҳбари Хазинаи хайриявии байналмиллалии академик Бобоҷон Ғафуров Рашидова Мавсума Аҳроровна ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Д.Исобоев – мудири шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁДЕ АЗ ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ ДАР РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Scroll to Top