Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзгор ва осори Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори тоҷик дар асрҳои X-XI умр ба сар бурдааст. Роҷеъ ба солҳои ҳаёти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар манобеъ ягон маълумоти дақиқ ба назар намерасад. Муҳақиқи хориҷӣ Зутер Г. ва муаррихони баъдина таърихи вафоти Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар ҳудуди соли 390/1000 донистаанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки нусхаи хаттии рисолаи Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳусайн (ҳамзамонаш), ки аз нусхаи хаттии соли 970 нусхабардорӣ шудааст аз рисолаи то замони мо нарасидаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ёдрас гаштааст. Аз ин маълумот бармеояд, ки агар ин асарро Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба камол расида дар синни тахминан 30-солагӣ таълиф намуда бошад, пас соли таваллуди Абӯмаҳмуди Хуҷандиро метавон дар ҳудуди соли 940 ҳисобид.

  Солҳои ҷавонӣ ва таҳсили Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар зодгоҳаш гузашта, баъдан эҳтимол аст, ки майли такмили донишу касб ва камоли истеъдоди хеш бошад, ки тақдир вайро ба шаҳри қадимаи Рай (наздикии Теҳрон) овард ва ӯ ба дарбори амир Фахруддавлаи Дайламӣ даъват гардид. Ҳаёт  ва фаъолияти минбаъдаи илмии Хуҷандӣ бо ин шаҳр вобаста буда, дар ҳамкорӣ ва равобити илмӣ бо дигар мутафаккирони Рай ва берун аз он гузаштааст. Баъдан, бо ташаббуси Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва амри Фахруддавла наздикии шаҳри Рай дар болои кӯҳи Таборак расадхонае бино шуд, ки асбоби асосии он судс буд. Судс – асбобест, ки бо ёрии он тамоми ҷирмҳои осмонӣ омӯхта мешуд. Ин асбоб ба Фахруддавлаи Дайламӣ бахшида шуда, бо номи Судси Фахрӣ маъруф аст. Яке аз сифатҳои ин асбоб дар он аст, ки андозгириаш саҳеҳ буда, бо натанҳо дараҷаю дақиқа, балки сонияҳо низ муайян карда мешуд. Судси Фаҳри муддати ҳафт аср яке аз асбоби асосии расадхонаҳои кишварҳои машриқзамин буд.

  Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ шогирдони зиёде дошт, ки яке аз машҳуртарини он Абӯрайҳони Берунӣ мебошад. Абӯрайҳони Берунӣ бори аввал бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Рай шинос шуда, дар расадхонаи «Таборак» аз ӯ асбоби судсро омӯхта буд. Натиҷаи ин шиносоӣ бо афзори нодир ва мулоқот бо донишмандони  барӯманди замон буд, ки дилбохтагӣ ва шавқу завқи олими ҷавон ба илмхои дақиқ, аз ҷумла астрономия дучанд гашта, минбаъд Абӯмаҳмуди Хуҷандиро яке аз устодони худ хондааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Китобу-т-таҳдиди ниҳоёти-л-амокин ли тасҳеҳ масофоти-л-масокин» ном асараш Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар сохтани судс ва омода намудану ихтирои дигар асбобҳои нуҷумӣ ягонаи замон ҳисобидааст. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар таърихи илм ҳамчун устоди алломаи дигари машриқзамин Шайхурраис Абӯали ибни Сино эътироф шудааст. Агар худи Абӯрайҳони Берунӣ дар осори хеш бо эҳтиром аз фаъолияту комёбиҳои илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ёдрас шуда, ӯро устод номида бошад, нисбати робитаи илмӣ ва устоду шогирдии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва Ибни Сино байти зерини шоир Шамсиддини Шоҳин далел аст:

Агар Бӯалӣ сарбаландӣ гирифт,

Зи юмни ҳакими Хуҷандӣ гирифт.         

  Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба ѓайр аз илми нуҷум дар риёзиёт ҳам нодири замон буд. Теоремаро, ки имрӯз дар илми математика бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ӯ Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ибтидо гузошта буд. Дар бораи рисолаи риёзӣ ва комёбии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар соҳаи илми ҳисоб риёзидони садаи 10 Абӯҷаъфари Хозин дар «Рисола фӣ иншо ал-мусалласот ал-қоимати-з-завоё ал-мантиқ ал-алзоъ» ном асараш ёдовар шудааст.

  Абӯмахмуди Хуҷандӣ дар байни донишмандони мазкури Рай обрӯю эътибори хоса дошт ва дар ҳамкорӣ бо онҳо фаъолияти илмӣ бурдааст. Дар радифи ин илм ҷойгоҳи хос пайдо кардан ва эътироф гардидани кашфиётҳои илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз мақому манзалати баланди ӯ гувоҳӣ медиҳад.

  Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз худ мероси гаронбаҳое гузоштааст, ки он намунаи илму фарҳанги тоҷикон буда, дар рушду равнақи илми ҷаҳонӣ ва умуман тамаддуни башарӣ таъсири калон расонидааст. Бино бар маълумоти сарчашмаҳо то замони мо 9 адад китобу рисолаҳои Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба мо маълум аст. Эҳтимол меравад, ки шумораи онҳо зиёд буда, бар асари номусоиди давру замон аз байн рафтаанд ва умед аст, ки бо кӯшиши минбаъдаи муаррихони илм мероси илмии ҳоло ба мо номаълуми ин олими барӯманд аз ганҷинаи китобҳои хаттии мамлакатҳои Шарқу Ѓарб дарёфт карда хоҳад шуд. Абӯрайҳонӣ Берунӣ низ дар Рай аз устоди худ чанд китобҳои риёзӣ ва нуҷумии олимро дидааст ва баъдан дар таълифоташ номгӯи онҳоро ёдрас кардааст. Аз осори боқимондаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ ҳувайдост, ки ба ӯ инкишофи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми гаронбаҳо гузоштааст. Таълифоте, ки то замони мо омада расидааст, инҳоанд:

  1. Фӣ амал ал-олот ал-омат – ин китоб бо забони арабӣ соли таълифаш номаълум аст. як нусхаи хатти он дар Оксфорд китобхонаи Бодлеян таҳти рақами №970 маҳфуз аст. Китоб аз 5 боб иборат буда ба сохт ва усули истифодаи олати шомила бахшида шудааст. Ин асбоб ба ҷои устурлоб ва рубъ истифода мешуд.
  2. Рисола фӣ тасҳеҳ ал-майл ва арз ал-балад – Рисола бо забони арабӣ таълиф шуда ба чанд забон тарҷума ва нашр шудааст. Аз ҷумла: Ба забони олмонӣ бо кӯшиши О. Ширмер ва бо забони русӣ бо тавзеҳот бо кӯшиши Х.Абдуллозода ба чоп расидааст. Рисола ба расади иртифои Офтоб бо асбоби судси Фахрӣ дар инқилобӣ тобистонӣ (22-июн) ва зимистонӣ (22-декабр) барои дарёфти қимати майли кулли бахшида шудааст. Як нусхаи хаттии он дар Бейрут маҳфуз аст.
  3. Дар яке аз маҷмӯаи нусхаҳои хаттии китобхонаи Хадивийаи Миср рисолае бо номи «Масоил мутафарриқа ҳандасийа баъзе ал-уламо ва-л-Абисаҳл ал-Кӯҳӣ ва-л-Уқлидус фи «Китоб ал-қисмат» ва-л-Абимаҳмуд ал-Хуҷандӣ» мавҷуд аст. Рисола ба исботи теоремаи синусҳо барои секунҷаҳои мусалласоти куравӣ бахшида шудааст. Ба забонҳои олмонӣ ва русӣ тарҷума ва ба табъ расидааст.
  4. Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳусайн (асри 10) дар «Рисола фӣ иншо ал-мусалласот ал-қоимат ал-зувоё ал-мунтақат ал-азлоъ ва-л-манфиат фӣ маърифатҳо», ки дар як маҷмӯаи риёзии нусхаи хаттии он дар китобхонаи Миллии Париж таҳти рақами 2457/11 маҳфуз буда, аз рисола ё китоби то замони мо нарасаидаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ёдрас шудааст. Бино ба маълумоти Абӯҷаъфар дар он китоб маълумот дар бораи ҳаллу фасли муодила оварда шудааст.
  5. Китоб фӣ соот ал-мадийа фӣ лайл – Аз китоби Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар рисолаи мазмунан тригонометрӣ, ки муаллифаш номаълум аст маълумот додааст. Нусхаи ин рисола дар Истамбул дар китобхонаи музеи Тӯпқаписароии таҳти рақами 3342/1 маҳфуз аст. Рисола фасли тригонометрӣ дошта дар он исботи теоремаи синусҳо оварда шудааст.
  6. Китоби самт ал-қибла. Ин китоби Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар рисолаи «Рисола фӣ тастеҳ ас-сувар ва табтеҳ ал-кувар»-и Абӯрайҳони Берунӣ зикр шудааст.
  7. Рисолаи «Ас-саҳифа уфуқийа ал-мусаммо бил ҷомеъ». Ин рисолааш дар «Кашф аз-зунун»-и Хоҷа Халифа зикр шудааст.
  8. Китоби «Ал-амал би-з-зарқола». Ин китоб низ дар «Кашф аз-зунун»-и Хоҷа Халифа зикр шудааст.
  9. Китоби «Аъмол ал-лайл би-л-кавокиб ас-собита». Ин китоб дар асари Абӯрайҳони Берунӣ «Мақолид илм ал-ҳайат» ёдрас шудааст.

  Ин китобу рисолаҳое, ки дар боло зикр шудааст ба мо маълум аст ва нусхаҳои онҳо дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфуз аст. Аммо эҳтимол аст, ки ба ѓайр аз ин шояд боз рисолаву асарҳои ин донишманди бузурги тоҷик бошад ва дар рафти бесару сомониҳо аз байн рафта бошанд ё пароканда шуда бошанд. Умед мекунем, ки дар оянда муҳақиққони ин соҳа барои пайдо намудани асарҳо ин донишмманди бузург кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Хулоса. Метавон гуфт, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ яке аз донишмандони бузурги асрҳои X-XI буда, дар ривоҷу равнақи ин соҳаи илм саҳми беандоза гузоштааст. Бахусус дар нимаи дуюми асри 10 дар Рай маконе, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ то охири умр фаъолияташ дар он ҷо гузаштааст яке аз марказҳои илмӣ-фархангии Шарқи исломӣ буд, ки дар он ҷо уламо ва донишмандон аз кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон ҳамкорӣ ва робитаи илмӣ дошта, баҳри инкишофи минбаъдаи илмҳои дақиқ саҳми босазое гузоштаанд.

Санаи 26-марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ оғоз ёфт.

Муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлӯи он ҳамчунин ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷаста тоҷик “Устурлоб” сохта шудааст. 

Адабиёт:

  Абдуллозода Х.Ф. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи тоҷик. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2005. – 440с.

  Абдуллазаде Х.Ф. Негматов Н.Н. Абу Махмуд Худжанди. – Душанбе: Дониш, 1986. – 112с.

  Энсиклопедияи советии тоҷик. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ. Ҷ.1. – Душанбе, 1978. – саҳ.33.

  Ҳоҷӣ Халифа. Кашф-уз-зунун ан асоми-ил-кутуб ва-л-фунун. Ҷ.3. – Истамбул, 1911.

Д.Исобоев - мудири шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашри МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзгор ва осори Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ
Scroll to Top