Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ваҳдати миллӣ – омили муҳимтарини ҳастии миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   “Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон чун самараи заҳматҳои ҳамдиёрони хурду бузурги Тоҷикистони азизамон арзёбӣ намуд ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем”

Эмомалӣ Раҳмон

  Ваҳдати миллӣ тавре, ки борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, “омили муҳимтарини ҳастии миллат , ватандорӣ ва давлатдории мо тоҷикони соҳибистиқлол мебошад”. Боиси ифтихор аст, ки таҷлили ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун санаи таърихӣ ва муқаддаси миллӣ сол то сол нуфузу эътибор ва шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намояд.

  Бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди ниҳоят мураккаб будани вазъияти ҷумҳурӣ, Комиссияи оштии миллӣ ва аъзоёни он барои таъмини сулҳ, созиши миллӣ ва суботи ҷомеа фоидакорона кор карданд. Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, гуфта буданд: “Барои таҳкими сулҳ ва  таъмини созиши миллӣ аъзои КОМ саҳми дурахшон доранд... Ман ба ҳамаи онҳо имрӯз миннатдорӣ баён мекунам” (Народная газета – 2001. -20 сент.)

  Ҳамагуна ҷангҳои глобаливу локалӣ ва муноқишаҳои дохилии шаҳрвандӣ оқибат ба сулҳу салоҳ анҷом меёбанд. Ҷанги шаҳрвандии тоҷикон, ки дар охири қарни ХХ ба вуқӯъ омад ва ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол зарари зиёде расонид, ҳазорҳо мардуми шарифи тоҷик беватан гардиданд, ки дар охир ин муноқиша бо сулҳ ва ваҳдати миллӣ анҷом ёфт. Санади тақдирсози Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Масква байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик дар ҳузури роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ ба имзо расид.  Хушбахтона бисёр шахсиятҳое ҳастанд ба монанди Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Раҳим Масов, Ҳомид Пӯлотов, Ҷумъа Ниёзов, Абдунабӣ Сатторзода ва ғайраҳо, ки барои ба даст овардану таҳкими Истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштаанд.   Яке аз чунин чеҳраҳои сиёсии кишвар, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи Нури Хуҷанд, узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои Олӣ, доктори илми фалсафа, профессор  Пӯлотов Ҳомид Розоқулович мебошанд, ки ягона намоянда дар КОМ аз виляти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) мебошанд.

  Пӯлотов Ҳамид Ризоқулович аълочии маорифи халқ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Он кас соли 1995 депутати Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз моҳи феврал то моҳи июни соли 1996 ба ҳайси ҷонишини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи июни соли 1996 то моҳи декабри  соли 1999 ба вазифаи ҷонишини раиси  Ҳукумати вилояти Ленинобод фаъолият намудаанд.  Аз соли 1997 ҳамчун ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба вилояти Ленинобод кор карда, аз 27-июни соли 1997 то ибтидои соли 2000-ум ҳамчун аъзои Комиссияи оштии миллӣ фаъолият бурдаанд. Дар интихоботи соли 2000-ум вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардидаанд.

  Пӯлотов Ҳ.Р. 9-уми декабри соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Шарипович Раҳмонов ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардиданд.  Соли 1999 барои хизматҳои шоиста дар роҳи истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ ва таъмини осоиштагӣ дар Тоҷикистон  Пӯлотов Ҳ.Р. бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Дӯстӣ” мукофотонида шудаанд. Соли 2000ум барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм бо ҷоизаи давлатии вилояти Суғд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, соли 2001 бо Дипломи олии Федератсияи иттифоқи касабаи вилояти Суғд сазовор гардонида шудаанд. Он кас муаллифи 22 монография, даҳҳо рисола, зиёда аз 700 мақолаҳои илмӣ ва иштирокчии зиёда аз 100 конфронсҳои илмӣ мебошанд. Соли 1996 ба сифати сарвари ҳайъати  вакилони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 95-ум конфронси аъзоёни парламенти умумиҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Истамбул баргузор гардидааст, иштирок намуда дар мавзӯи “Тоҷикистон ва иттиҳоди ҷаҳонӣ” маърӯза кардааст, ки маърӯзаи мазкур ба 12 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст. Пӯлотов Ҳ.Р. муаллифи  китоби дарсии “Асосҳои сиёсатшиносӣ” барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ мебошанд. Китоби мазкур бо се забон (тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ) аз чоп баромадааст. Таҳти роҳбарии профессор  Пӯлотов Ҳ.Р. 12 нафар рисолаи номзади ва 3 нафар рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намудаанд. Хидматҳои профессор  Пӯлотов Ҳ.Р.  дар рушди илмҳои ҷомеашиносӣ, тарбияи мутахассисони соҳаи мазкур, дар устувор сохтани сулҳу субот дар ҷомеа  ва таъмини ҳамдиливу ваҳдати комил байни мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон басо назаррас аст.   

  Ҳамасола бахшида ба ин рӯзи таърихӣ, дар толори намоишии  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшае ташкил дода шуда, дар он асарҳо оиди рӯзи ваҳдати миллӣ, аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва  либоси Пӯлотов Ҳ.Р. ба намоиш гузошта мешавад. Имсол бошад, ба муносибати 25-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ ва толори намоиши таҳти унвони  “Ҳифзу таҳкими Ваҳдати милли рисолати ватандорӣ”  ташкил дода мешавад. Дар толори намоишӣ  аксҳо, китобҳо, мукофотҳои академик Бобоҷон Ғафуров ба намоиш гузошта мешавад.

  Инак мо дар арафаи ҷашни фархундаи 25 солагии Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Аз ин фурсати қулай истифода бурда, ман ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҷашни муқаддас табрик менамоям. Ҳар  шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки қатъи назар аз ақидаҳои сиёсиаш барои боз ҳам пойдор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳиссагузорӣ кунад ва барои ободу зебо гардонидани кишвари азизамон тамоми ақлу дониш ва заковаташро сарф намояд.

Пӯлотова Нигора

корманди илмии шӯъбаи таърихи

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВаҳдати миллӣ – омили муҳимтарини ҳастии миллат
Scroll to Top