Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи меҳмонон аз шаҳри Липетски Федератсияи Русия

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаҳои 17 ва 19 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" таҳти мавзӯи “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” дар МД “Варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок карда, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, зарфияту имкониятҳои соҳаи саноату кишоварзӣ ошно гардиданд.

   Дар доираи ярмарка миёни мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ва кишварҳои иштироккунанда Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Белорус, Қазоқистон 60 созишномаи нав барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтушунидҳо анҷом дода, барои роҳандозии ҳамкориҳо як қатор созишномаҳоро ба имзо расониданд. Минбаъд дар асоси санадҳои имзошуда тарафҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амалисозии тарҳҳои муштарак фаъолият менамоянд.

  Ҳамчунин дар доираи ин ҳамкориҳо Муасиссаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” якқатор меҳмононро аз шаҳри Липетски Федератсияи Россия пешвоз гирифтанд. Давоми 5 рӯз меҳмонон аз ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон шиносоӣ пайдо намуданд. Рӯзи аввал онҳо аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов ва Хона музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, аз таъриху фарҳанги пурғановати халки тоҷик огаҳӣ пайдо намуданд. Ба меҳмонон аз тарафи роҳбалади осорхона Мирзоева Иноятхон Пулатовна сайри илмӣ гузаронида шуд.

  Меҳмонон ба китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ таассуроти худро бо таври зайл нигоштанд: “Делегатция Липецкой области выражает благодарность за проведение интереснейшей экскурсии, теплый и душевный прием работниками исторического музея. Мы надеемся, что у нас еще будет возможность посетить музейный комплекс и Ваш гостепримный город”.

С огромным уважением!

  Инчунин, дар доираи ҳамкориҳо Муасиссаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо ширкати сайёҳии ҶДММ “Руслан”-и шаҳри Липетски Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар оянда барои рушди сайёҳӣ ҳарчи бештар фаъолият намоянд.

Нодира Олимова

ҷонишини омир

оид ба корҳои илмӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи меҳмонон аз шаҳри Липетски Федератсияи Русия
Scroll to Top