Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ХОНАИ МИЛЛӢ ДАР НАМОИШГОҲИ ОСОРХОНА

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар давраи Истиқлолият ҳукумати Тоҷикистон барои рушди харчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаро иброз намуданд:  ”Сиёсати фарҳангии  ҳукумати Тоҷикистон имрӯз пеш аз ҳама ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои милливу умумибашарӣ фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеъи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангӣ равона карда шудааст, тавассути онҳо моро ҳамчун миллат мешиносанд”.

    Дар ин ҷода осорхонаҳо яке аз муҳимтарин муассисаи фарҳангӣ-маърифатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар ҷамъоварӣ, ҳифзу тарғиби осори таърихӣ, моддӣ - фарҳангии ниёгон нақши назаррас доранд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар ин ҷода ба комёбиҳои муваффақ ноил гардидааст.

   Бо мақсади инъикоси фарҳанги оиладорӣ баҳри муаррифӣ ба тамошобинони дохилу хориҷ дар мавзӯи “Маданият, илм ва  адабиёти асри Х1Х ва ибтидои  асри  ХХ”-и намоишгоҳи осорхона яке аз намунаҳои  хонаи миллии мардуми Хуҷандшаҳр ҷой дода шудааст, ки аз санъати баланду нотакрори ҳунари меъморӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва кандакории халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

   Хона, истиқоматгоҳ, манзил, маконест, ки одамон дар он умр ба сар мебаранд. Хона барои муҳофизати инсон аз таъсири манфии шароити табиӣ мадад мерасонад. Хонаи мазкур бо маблағгузории   МИҲД-и вилояти Суғд  аз маҳаллаи қадимаи шаҳр, сокини кӯчаи М.Танбӯрии шаҳри Хуҷанд харидорӣ шуда, ба  осорхона кӯчонида дар ҳолати пештарааш барқарор карда шудааст. Он масоҳати  29,2 м2- ро дар бар гирифта, аз ҷониби устоҳои номии истаравшанӣ  усто Солеҳ Азизов фарзандашон Азизов Саидҷон, ҷиянашон Азизов   Самеъҷон ва шогирдонашон  Акбаров Бахтиёр,  Солиев Фахриддин насб ва васл карда шуда, нақши сақфи хона қисман барқарор карда шудааст. Одатан мувофиқи анъанаҳои суннатӣ дар бунёди хонаҳо якчанд шахсони соҳибтахассус ба монанди меъмор, устои деворзан, устои чӯбкор, гаҷкор, кандакор, наққош  саҳм мегузоштанд. Хонаи  мазкур, ки   баландиаш  3,6м дарозиаш   5,5м  ва бараш  3,5м-ро ташкил медиҳад, аз 9 болори бо вассаҷуфт  пӯшонидашудаи бо мехи чӯбӣ васлгашта бунёд гардидааст. Аз рӯи гуфти усто Солеҳ бинобар нокифоя будани масоҳати намоиши дар толор пойгоҳи хона насб карда нашудааст.

Шаҳнозахон Тиляева

корманди илмии шӯъбаи маъхази

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

                                          

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХОНАИ МИЛЛӢ ДАР НАМОИШГОҲИ ОСОРХОНА
Scroll to Top