Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боғи Камоли Хуҷандӣ дар Эрон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дирӯз дар паи ҷустуҷӯи мавод дар барои Шайх Камоли Хуҷанди сафҳаҳои шабакаи иҷтимоиро давр мезадам нохост чашмам ба як китобчае афтод, ки ном дорад «Боғи Камол» дар паи ҷустуҷӯ шудам, ки нашриёте бо номи «Шоиста» ин китобро ба табъ расонидааст, ки муфассали онро бароятон пешниҳод менамоям.

  Нашриёти «Шоиста»-и шаҳри Табрези Эрон китобчаеро ба унвони «Боғи Камол» интишор намуд, ки ба қалами яке аз шогирдони камолшиноси маъруфи эронӣ, устоди равоншод Азизи Давлатободӣ тааллуқ дорад ва муносиби номаш ба тавсифи боғе бахшида шудааст, ки тақрибан 650 сол муқаддам подшоҳи Озорбойҷон  Шоҳ Ҳусайни Ҷалоирӣ ба шарафи ғазалсаро ва орифи номӣ Шайх Камоли Хуҷандӣ бунёд карда, то кунун макони оромгоҳи ин бузургвор ва ба қавле 500 авлиёи дигар мебошад.

Боғи Камол – яке аз осори таърихии арзишманди Табрез, ки дар он маҳалҳо, қабристонҳо, урафо, ҳунармандон, удабо оид аст. Маҳдӣ Баззози Дастфурӯш «Боғи Камол»-ро соли 1391/1971 ба табъ расонида, онро ба бахшҳо ҷудо намудааст, ки аз маҳаллаи таърихии Валиёнкӯҳ, мазороти авлиё ва урафо дар Валиёнкӯҳ, боғи Камол, мақбараи боғи Камол, Шайх Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, Камолиддини Беҳзод, Низомуддин Султон Муҳаммад, Султон Маҳмуди Муҷаллад, Мавлоно Тӯсӣ ва Машрабии Шерозӣ иборатанд. Ҷамъе аз бузургони арсаи адаб ва ҳунари ин сарзамин дар «Боғи Камол» ором гирифтаанд.

Дар ин китоб боғи Камоли Хуҷандӣ чунин тавсиф шудааст.

«Боғи Камол» дар соҳили ҷанубии Меҳронавард ва ҷониби ғарбии пили Валиёнкӯҳ  қарор дорад. Ин боғ мансуб аст ба «Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ» ориф ва шоири номии асри 14 ва аз ин рӯ ба номи «Боғи Камол» иштиҳор ёфтааст. Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омад дар ҷавонӣ ба азми зиёрати Каъба аз Хуҷанд хориҷ шуд пас аз зиёрати хонаи Худо дар бозгашт чун Табрезро муносиби табъи худ дид қасди иқомат кард. Султон Ҳусайни Ҷалоир ӯро багармӣ пазируфт ва дастур дод ва аз он замон боғи мазкур ба «Боғи Камол» шуҳрат ёфт.

Валиёнкӯҳ маконест, ки ба Шайх Камоли Хуҷандӣ хеле писанд омадааст ва худи шоир дар яке аз абёти хеш чунин васф мекунад:

Зоҳидо ту биҳишт ҷӯ, ки Камол,

Валиёнкӯҳ хоҳаду Табрез

Д.Исобоев – Мудири шуъбаи дастхатҳо ва 

табъу нашри МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоғи Камоли Хуҷандӣ дар Эрон
Scroll to Top