Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китоби “Шуҷоати Спитамен” аз бойгонии китобхонаи илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Китоби “Шуҷоати Спитамен”  оиди мероси фарҳангӣ, расму оин, дину мазҳаб ва суннатҳои ниёгон маълумот дода шудааст. Китоб ба қалами муаллиф шодравон доктори илмҳои таърих, профессор Мақсудҷон Иномов таалуқ дошта, аз пешгуфтор, панҷ боб ва мундариҷа иборат мебошад. Боби аввал: “Ибтидои лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ ба шарқ”, боби дуюм: “Санъати ҳарбӣ ва аслиҳасозии мардуми Осиёи Миёна”, боби сеюм: “Давраи якуми муборизаи халқҳои Осиёи Миёна”, боби чорум: “Давраи дуюми муборизаи халқҳои Осиёи Миёна”, боби панҷум: “Давраи сеюми муборизаи халқҳои Осиёи Миёна”-ро дарбар мегирад. Китоб мазкур ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда якбора бо се забон яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расидааст. Тоҷикон дорои таърихи хеле қадим  ва ғанӣ мебошад. Фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон ва саҳми таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёнажодҳо ниҳоят бузург аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди мо, ки дараҷаи таърихи бисёрҳазорҳои  бузургу ғайриоддӣ ноил шудаанд, баҳои баланд дода, дар асари безаволашон “Тоҷикон дар оинаи таърих” таъкид менамоянд, ки давлати Сомониёнро ба ҳеҷ ваҷҳ оғози давлату давлатдории тоҷикон хондан раво нест. Зеро халқи тоҷик то аҳди Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар моварои Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳли қадимро дар ин сарзамин тарҳрезӣ ва поягузорӣ кардааст. Китоби мазкур дар китобхонаи илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ мавҷуд буда,  муҳаққиқону донишҷӯён метавонанд аз он истифода баранд.

Баротова М - Китобдори калони

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитоби “Шуҷоати Спитамен” аз бойгонии китобхонаи илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top