Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ХУРСАНДИИ КӮДАКОН-ХУШБАХТИИ ВОЛИДОН

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

    Дар Хона – музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон Фестивали “Офтобак” доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Ассотсиатсияи рушди сайёҳии “Зарафшон” ва меҳмонхонаи “Гранд Отелл” барпо шуда, дар он ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолона ширкат доштанд.

Фестивалро омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. ифтитоҳ карда, қайд намуданд, ки “кӯдакон ҳамеша дар ҳимояи давлату ҳукумат ҳастанд ва барои некӯаҳволии ин қишри ҷомеа пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Барои ҳифзи кӯдакон, дастгирӣ ва шодиву хурсандии онҳо пайваста баргузории чорабиниҳои давлативу ҷамъиятӣ нақши босазо дорад, зеро хурсандии кӯдакон хушбахтии волидон аст”.

Дар ҷараёни кори фестивал барои кӯдакон имконият фароҳам омада буд, ки бевосита бо худи ҳунарманд якҷоя корбарӣ кунанд. Ҳар кӯдак бо завқу салиқаи хеш метавонист дар ороиши табақчаҳову лӯхтакчаҳои миллӣ корбарӣ кунад. Аз мӯҳраҳо барои худ ороишот омода намояд. Сабадбофиро омӯзад. Маҳорати худро дар самти расмкашӣ ё шоҳмотбозӣ санҷад. Ҳамчунин барои рӯй ва ё дасти кӯдакон бо истифода аз рангҳои махсус ҳар гуна аксҳоро тасвир менамуданд. Яъне аз санъати “Фейс-АРТ” истифода менамуданд.

Гурӯҳҳои ҳунарӣ, созию овозӣ ва раққосаҳо бо хоҳиши худ ба чорабинӣ ҳозир гашта, дар якҷоягӣ бо кӯдакон мусиқиҳои дилнишин навохтанд. Қаҳрамонҳои афсонавӣ бошанд, барои болидахотирии бачаҳо корбарӣ намуданд. Аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо роҳбарии Мунира Акилова байни кӯдакон ҳар гуна бозиҳои шавқовар аз қабили ҳарфёбак, калимаёбак, шеърхониву чистонгӯӣ ташкил карда шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ҳар як кӯдак бо табъу завқи худ овораи ҳунаре буд. Ҳамчунин баҳри кӯдакон яхмосу обҳои нӯшокӣ ва шириниҳои гуногун тақдим гардид.

Маблағҳои дар фестивал ба дастомада ба фонди ташкилоти ҷамъиятии “Назари Дигар” равона мегардад. “Назари Дигар” созмони ҷамъиятиест, ки оилаҳои кӯдаконе, ки гирифтори синдроми Даун ҳастанд, дастгирӣ мекунад.

Ҳар як кӯдаке, ки ба фестивали “Офтобак” омада буд, бо табъи болидаву хотироти хуш ва тӯҳфаи хотирмоне идгоҳро тарк менамуд. Дар ҳақиқат, дар ин рӯз Хона-музейи Камоли Хуҷандиро фазои идона фарогир буду дилхушии кӯдакон то дергоҳ идома ёфт.

Аслиниссо Ёдгорӣ – мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ

ва робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХУРСАНДИИ КӮДАКОН-ХУШБАХТИИ ВОЛИДОН
Scroll to Top