Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     

     Шоҳмот, бозии рӯимизист, ки онро ду ҳариф бо 32 дона (16 сафеду 16 сиёҳ) дар рӯи тахтаи 64 – катакдор мебозанд. Ватани шоҳмот Ҳиндустон аст. Соли 1972 аз димнаи Дилварзини водии Сурхон донаҳои шатранҷро ёфтанд, ки ба аҳди Кушониён мансуб аст. Соли 1977 аз пойтахти қадимии Суғдиён – Афросиёб 7 донаи шатранҷ ёфт шуд. Дар Осиёи Миёна оид ба шатранҷ ҳанӯз дар адабиёти асри 7 маълумоти зиёде фароҳам омада буд. Дар асрҳои 8-9 дар ин мавзӯъ рисолаҳо  таълиф ёфтанд, ки онҳо дар бораи дар ҳазораи якуми мелоди хеле маъмул гардидани шатранҷ маълумот медиҳанд. Дар асри 15 устодон ва назоратчиёни машҳури шатранҷ (аз қабили Алии Шатранҷӣ) ба камол расиданд. Минбаъд шатранҷ хеле такмилу инкишоф ёфта, “шоҳмот” ном гирифт.

Ин бозӣ то ҳол аҳамияти худро гум накардаасту мунтазам дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ташкил ва баргузор карда мешавад. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маъракаи вилоятӣ шоҳмотбозони машҳур гирд омада, байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа байни мардон ва бонувон сурат гирифт. Назар ба иттилои сардовари мусобиқа Шӯҳрат Саидов ҷойҳои аввал байни бонувон насиби Саидова Рухшона аз н.Ҷаббор Расулов ва байни мардон ба Авзалзода Аҳмад аз н. Айнӣ сазовор дониста шуд. Ҷойҳои дуввуму сеюмро байни бонувон Ҷумъаева Шоҳсанам аз ш.Истаравшан ва Толибова Диллола аз н. Зафаробод, байни мардон бошад Саидов Шоҳҷаҳон аз н.Ҷаббор Расулов ва Қулиев Фирдавс аз ш.Истаравшан ба даст оварданд.

Аслиниссо Ёдгорӣ-корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ
Scroll to Top