Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

1 июн- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

      Ҳамасола рӯзи 1-июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон 72 сол муқаддам бо қарори анҷумани Шӯрои федератсияи байналмиллалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо калонсолон ҳамеша хушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

   Бахшида ба рӯзи кӯдакон дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, дар Наврӯзгоҳ иди кӯдакон бошукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз кӯдакистонҳои шаҳру ноҳияҳо ҷамъ омада, ҳар гуна чорабиниҳо ташкил менамоянд. Инчунин дар ин рӯз дар рӯи замин бо бӯрҳои ранга дар мавзӯъҳои гуногун расмкашӣ мекунанд.

    Воқеан кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад .

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” кулли кӯдакон ва наврасонро бо "Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон" муборакбод менамояд ва ба ҳамаи онҳо рӯзҳои хушу осмони софу беғуборро таманно дорад.  

Бо эҳтиром маъмурияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО1 июн- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон
Scroll to Top