Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷавонон - ояндасози миллатанд.

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чӣ дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чӣ дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 гуфта буданд, ки “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Маҳз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷӯҳи беандозаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Дар заминаи ҳамин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Имрӯзҳо низ ҳамин гуна чорабиниҳо дар саросари кишвар, бахшида ба даҳаи ҷавонон гузаронида шуданд, ки аз ҷумла дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши асарҳои мусаввирони ҷавон таҳти унвони “Олами эҷоди ҷавонон” ташкил карда шуд. Дар он зиёда аз 80 адад асарҳои рассомони ҷавону умедбахш аз қабили мусаввара, гобилен, кашидадӯзӣ, нақш дар рӯи пӯст, ороиш бо мӯҳраҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Яке аз иштирокчии ин намоиш донишҷӯи курси IV факултети санъати тасвирии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Усмонова Дилбархон мебошад.

   Усмонова Дилбархон Илҳомовна 1 декабри соли 1999 дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ба расмкаши шавқу рағбати беандоза дошт, мусаввараҳои кашидаи ӯ дар якчанд чорабиниҳои шаҳриву вилояти чойҳои намоёнро ишғол намудааст. Соли 2016 мактаби миёнаро хатм намуда, соли 2018 ба донишгоҳ дохил шуд.  Ӯ ҳамчун рассоми ҷавони ояндадор, ки расмҳои кашидаи ӯ бинандаро мафтун месозад. Мо ба Усмонова Дилбархон хамчун ҷавони ояндадор парвози баланди эҷодиро таманно дорем.

Нодира Олимова

ҷонишини омир оид ба корҳои илмии

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶавонон - ояндасози миллатанд.
Scroll to Top