Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намудҳои яроқҳо аз коллексияи фонди осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Намудҳои яроқҳо аз коллексияи фонди осорхона

    Истеҳсоли силоҳ ва истифодаи он таърихи хеле қадима дошта, дар тӯли асрҳо такмилу таҳаввул ёфта, бо инкишофи илму техника дар замони муосир ба дараҷаи баланд расидааст.

    Имрӯзҳо бисёр осорхонаҳое мавҷуданд, ки намоишгоҳҳои осорхонавии онҳо ба таърихи яроқ ва аслиҳаҳои ҷангӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла: Осорхонаи силоҳи Москва ва Осорхонаи давлатии силоҳи шаҳри Тула (Русия), Осорхонаи силоҳи Луидҷи Мартсели (Италия), Осорхонаи силоҳҳои ҷангии Эрон (Теҳрон, Эрон), Осорхонаи силоҳи Бердҷ-Норд (Марокко), Осорхонаи силоҳи- Лиеҷ (Белгия) ва ғайраҳо.

    Яроқсозӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳунармандии тоҷикон ба шумор рафта, онҳо аллакай аслиҳаҳое мисли камонҳои оддию мураккаб, шофу шамшер, гурзу табарзин, сипару ханҷар ва фалахмон гурӯҳбандӣ шуда буданд. Ёфт шудани пайкон аз кӯҳи Мевағул (с. 2018), пулакчаи камон (с. 2019) ба он далолат мекунанд.

    Бо мақсади арҷ гузоштан ба гузаштаи миллат аз манотиқи гуногуни таърихии кишвар дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ ва аз байни аҳолии вилоят аслиҳа ва дигар лавозимотҳои ҷангӣ дар баробари дигар асбобҳои таърихӣ дар осорхонаҳо ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ мешаванд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳост.

    Тибқи китоби воридотии соҳавии фонди осорхона дар маъхази осорхона 33 адад силоҳ ва яроқҳои гуногун ба монанди: корд, туфанг, каҷкорд, туфанги якмила, туфанги пилтагини шикорӣ, ханҷар, табарзин, шамшерҳои гуногун ва боқимондаҳои қисмати онҳо нигоҳ дошта шуда, қисме аз онҳо дар толорҳои намоишӣ гузошта шудаанд.

   Ҳамчунин дар толори “Элинизм” шамшери фулузии мутааллиқ ба асрҳои 11-1 пеш аз милод, дар толори “Тамаддуни халқи тоҷик” яке аз шамшерҳо дар зери шиша, дигаре дар мавзӯи даврабандии “Халқи тоқик дар давраи Чингизиён” дар қатори ҷавшани ҷангӣ ва гурз ҷой дода шуда, 3 адад яроқи дигар – туфангҳои оташфишони аввали асри ХХ дар намоиши мавзӯии “Ҷунбишҳои халқӣ ва мустаҳкам шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон” гузошта шудааст.

 

   Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки яроқ ва аслиҳа дар ҳар давру замон моҳияти худро дошта, баёнгари воқеа, ҳодисаҳои таърихӣ, бозгӯкунандаи санъати баланди миллии ҳунарманди касбии соҳаи махсусгардидаи яроқсозӣ ба ҳисоб меравад.

Корманди илмии фонди осорхона

Тиляева Шахноза

                                                                                        

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамудҳои яроқҳо аз коллексияи фонди осорхона
Scroll to Top