Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намоиши "Олами Эҷоди Ҷавонон"

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

НАМОИШИ “ОЛАМИ ЭҶОДИ ҶАВОНОН”

   Бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши асарҳои мусаввирони ҷавон таҳти унвони “Олами эҷоди ҷавонон” оғоз гардид. Толор бо зиёда аз 80 адад асарҳои рассомони ҷавону умедбахш оро ёфта, аз мусаввара, гобилен, кашидадӯзӣ, нақш дар рӯи пӯст, ороиш бо мӯҳраҳо иборатанд. Дар намоиш бештар мусаввараҳои манзараҳои зебои диёр ба монанди “Омади баҳор” амали рассом Ҳабибова Маъсуда, “Кӯҳҳои Фон” бо қалами Абдуллоев Бунёд, “Бедоршавии табиат” – амали Ҷӯраева Мижгона, натюрморт, чеҳранигорӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

  Дар чорабинӣ  Салимбой Ҳасанов - профессори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Беҳрӯз Олимҷонов - намояндаи раёсати Кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд,  Ғафуров Абдувосид мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, аъзоёни Академияи мусаввирони Тоҷикистон, кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

  Рассомони ҷавону фаъол Абдуллоев Бунёд, Муротов Шоҳрух, Юлдошева Дилфуза аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Намоиш тӯли як моҳ идома меёбад.

 Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ

 ва робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамоиши "Олами Эҷоди Ҷавонон"
Scroll to Top